Шумори фавтидагон аз таркиши газ дар ноҳияи Рӯдакӣ афзуд

Соҳибхоназани 34-солаи яке аз манзилҳо дар деҳаи Маърифатии ноҳияи Рӯдакӣ, ки рӯзи 5 декабр бар асари таркиши газ осеб дида буд, аз ҷароҳатҳои бардошта ва захмҳои сӯхта рӯзи 10 декабр дар яке аз бемористонҳои Душанбе ҳалок шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон. Се нафар фарзандони ӯ бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Соҳибхоназани 34-солаи яке аз манзилҳо дар деҳаи Маърифатии ноҳияи Рӯдакӣ, ки рӯзи 5 декабр бар асари таркиши газ осеб дида буд, аз ҷароҳатҳои бардошта ва захмҳои сӯхта рӯзи 10 декабр дар яке аз бемористонҳои Душанбе ҳалок шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон.

Се нафар фарзандони ӯ бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ буда, саробони хона – Мирмат Мастови 36-сола дар муҳоҷират корӣ дар Русия аст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 декабр дар хонаи Мирмат Мастови 36-сола воқеъ дар деҳаи Маърифатии ноҳияи Рӯдакӣ таркиш рух дод. Манзил пурра влангор ва чор нафар бошандагони он – зан бо се фарзандаш бо захмҳои сӯхтаи гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.

Мувофиқи маълумоти КҲФ Тоҷикистон, баъд аз муоинаи мутахассисони Кумита бо асбобҳои махсус (газонализатор) муайян гардид, ки сабаби таркиши газ дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон балони газ набуда, балки аз қубури гази табии диаметраш 325 мм будааст, ки фаъолияти Маркази гармидиҳию барқии шаҳри Душанбе-1-ро таъмин менамояд.

Ин қубур аз назди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон гузашта, ба кадом сабабе он сӯрох гардидаву вориди хонаҳо шудааст ва ба таркиш боис гардидааст.

Маҳз бо ҳамин сабаб рӯзи 5 декабр дар хонаи Алиқул Ҳасанови 62-сола низ таркиш рух дода, бар асари он бародарарӯси номбурда Бобомурод Ҳаитови 36-сола ба ҳалокат расид. Соҳибхона дар беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ шуд. Манзили Ҳасанов қисман тахриб шуд.

Дар робита ба ин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон ба санҷиши ҳамаҷонибаи шоҳқубури гази Музробод-Душанбе, ки гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба кишвари мо тариқи он интиқол меёбад, оғоз намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.