“Сангтӯда-1” аз пардохти фоизҳо аз қарзи андоз дар соли 2021 озод шуд

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон соли оянда ба қарзи ҶСК “НБО Сангтӯда-1” аз андоз, ки аз ҳисоби интиқоли барқ ба ШСХК “Барқи тоҷик” ба вуҷуд омадааст, фоиз ҳисоб намекунад, гуфта мешавад дар Буҷети давлатӣ барои соли 2021. Қобили зикр аст, ки мувофиқи меъёрҳои Кодекси андози кишвар, агар андоз дар муҳлати муқарраршуда пардохт нашавад, барои ҳар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон соли оянда ба қарзи ҶСК “НБО Сангтӯда-1” аз андоз, ки аз ҳисоби интиқоли барқ ба ШСХК “Барқи тоҷик” ба вуҷуд омадааст, фоиз ҳисоб намекунад, гуфта мешавад дар Буҷети давлатӣ барои соли 2021.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи меъёрҳои Кодекси андози кишвар, агар андоз дар муҳлати муқарраршуда пардохт нашавад, барои ҳар як рӯзи таъхир шурӯъ аз рӯзи аввали он фоизҳо ҳисоб карда мешаванд. Қарздор барои ҳар як рӯзи тақвимӣ 0,05% аз маблағи қарзи андоз фоиз пардохт мекунад.

Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, неругоҳи “Сангтӯда-1” яке аз қарздорони асосӣ аз андоз ба шумор рафта, то аввали семоҳаи охири соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи он ҳудуди 116 млн сомонӣ (зиёда аз 11 млн доллар)-ро ташкил дод.

Ҳаҷми умумии қарз аз андоз (бо назардошти солҳои пешин) ба ҳолати 1 октябри соли равон зиёда аз 1 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Пешниҳоди имтиёзҳо аз пардохти андоз ба неругоҳи “Сангтӯда-1” ба қарзҳои мунтазам дар ҳоли зиёдшавӣ қарордоштаи ширкати “Барқи тоҷик” ба ин неругоҳ марбут аст. Ҳукумат бастаи пурраи саҳмияҳои ширкати “Барқи тоҷик”-ро дар ихтиёр дорад.

То аввали моҳи ҷорӣ қарзи ширкат ба неругоҳи “Сангтӯда-1” ба зиёда аз 1 млрд 640 млн сомонӣ (беш аз 156 млн доллар бо қурби миёна дар соли 2020) расид, аз ҷумла 275 млн сомонӣ  ҳамин сол ба қарз илова шуд.

“Сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2020 (бо назардошти ҳисоббаробаркуниҳо) на зиёдтар аз ҳадди 44% аз барқи иниқолёфтаро ташкил дода, ба идомаи афзоиши қарз назди неругоҳ боис мегардад”, – хабар дода буд охири моҳи октябр ҶСК “НБО Сангтӯда-1”.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии ҶСК “НБО Сангтӯда-1” – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.

Иқтидори насбшудаи “Сангтӯда-1” 670 МВт-ро ташкил медиҳад. Ягона харидори барқи неругоҳи “Сангтӯда-1” ШСХК “Барқи тоҷик” мебошад, ки дар навбати худ интиқол, тақсимот ва фурӯши барқро ба истеъмолгарон дар Тоҷикистон таъмин мекунад.

Нерӯгоҳ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, 110 километрии чануби Душанбе воқеъ буда, ҳиссааш дар ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ ба наздики 11% баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.