Даргузашти Раҳнаварди Зарёб, нависандаи пуровозаи Афғонистон

Муҳаммадаъзам Раҳнаварди Зарёб, нависандаи пуровозаву маъруф ва аз донишмандони мумтози забони форсӣ дар Афғонистон, имрӯз дар Кобул баъди чанд ҳафтаи беморӣ дар сини 77-солагӣ даргузашт. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон бо такя ба пизишке, ки нависандаро муолиҷа мекард, хабар додаанд. Раҳнаварди Зарёб солҳои ахир дар телевизиони "Тулуъ" дар Кобул кор мекард. Раиси шабакаи "Тулуънеюс" Лутфулло Наҷафизода ба […]

Муҳаммадаъзам Раҳнаварди Зарёб, нависандаи пуровозаву маъруф ва аз донишмандони мумтози забони форсӣ дар Афғонистон, имрӯз дар Кобул баъди чанд ҳафтаи беморӣ дар сини 77-солагӣ даргузашт. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон бо такя ба пизишке, ки нависандаро муолиҷа мекард, хабар додаанд.

Раҳнаварди Зарёб солҳои ахир дар телевизиони "Тулуъ" дар Кобул кор мекард. Раиси шабакаи "Тулуънеюс" Лутфулло Наҷафизода ба "Би-Би-Сӣ" гуфтааст, ки Зарёб ҳафтаҳои гузашта ба куруно мубтало шуда буд ва саранҷом имшаб бар асари ин беморӣ даргузашт. 

Раҳнаварди Зарёб яке аз достоннависҳои маъруфу матраҳи Афғонистон буд, ки дар Эрону Тоҷикистон ҳам хонандагони зиёде бо осору корҳои ҳунарии ӯ ошноии зиёд доранд. 

Зарёб соли 1324 (1945 милодӣ)-и хуршедӣ дар Кобул таваллуд шудааст. Падараш аз аҳли Ғазнӣ ва модараш аз шимоли Афғонистон буд. Ӯ хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи Кобул ва давраи магистратураи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи Вилзи Ҷанубии Бритониё буд. 

Раҳнаварди Зарёб пас аз адои хидмати сарбозӣ дар нашрияҳое чун "Жвандун", "Ислоҳ-Анис", "Aryana" (ба инглисӣ) ва чанде дигар ба унвони хабарнигор ва сардабир кор кардааст. Баъдҳо масъули бахши достоннависии Иттиҳодияи нависандагони Афғонистон ва раиси ин Иттиҳодия кор кардааст. 

Ин нависандаи маъруф баъди суқути режими "Толибон", хонаводаашро дар Париж гузошта ба Афғонистон баргашт. Дар замони ҳукумати аввали Ҳомид Карзай мушовири вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон буд, ки баъдҳо аз ин мақом истеъфо кард. Солҳои ахир дар гуруҳи расонаҳои "Тулуъ" ба унвони виростор ё муҳаррири бахши забон буд.

Зарёб аз пуркортарин нависандаҳои солҳои ахири Афғонистон дониста мешуд, ки садҳо достону роман навиштааст. Бархе аз достонҳои кӯтоҳи ӯ дар маҷмӯаҳои "Овозе аз миёни қарнҳо", "Марди кӯҳистон", "Дӯсте аз шаҳри дур" ва "Нақшҳо ва пиндорҳо" чоп шудаанд. 

"Шаҳри тилисмшуда", "Марде, ки сояааш таркаш кард", "Ва борон меборид", "Морҳои зери дарахтони санҷид", "Гулнор ва ойина", "Кока шашпар ва духтари Шоҳи Париён", "Шӯрише, ки одамизодагон ва ҷонваракон барпо карданд"  ва осори зиёди пажуҳишӣ аз корҳои мондагори ин достоннависи варзида дониста мешаванд.

Ҳамсари Раҳнаварди Зарёб Спужмай Зарёб ҳам аз нависандаҳои номдори Афғонистон аст. Онҳо се фарзанд доранд ва хонаводашон дар Париж зиндагӣ мекунад.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.