Дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт ҷорӣ мешавад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи роҳандозии суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт хабар медиҳад. Тавре дафтари матбуоти БМТ хабар медиҳад, қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” моҳи августи соли равон қабул шуда, зарурати он аз байн бурдани инҳисор (монополия) ва таъмин намудани рақобати солим дар бозори […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи роҳандозии суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт хабар медиҳад.

Тавре дафтари матбуоти БМТ хабар медиҳад, қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” моҳи августи соли равон қабул шуда, зарурати он аз байн бурдани инҳисор (монополия) ва таъмин намудани рақобати солим дар бозори суғуртавӣ маънидод мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин санад ба амалишавии саривақтии пардохти суғуртавӣ, имконияти мустақилона интихоб намудани ташкилоти суғуртавӣ, таъмин намудани ҳимояи манфиатҳои молиявӣ ва иҷтимоии суғурташавандагон кафолат дода мешавад.

Арзиши чунин суғурта дар ҳаҷми аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисоб муқаррар шудааст.

Аз ҷумла, мукофоти (ҳаққи) суғуртавӣ барои автомобилҳои сабукрав ва микроавтобусҳо, трактор, дигар мошинуолоти худгард ба маблағи 2 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳагнда – 60 сомонӣ) муайян шудааст.

Суғуртаи автобусу троллейбус, нақлиёти боркаш дар ҳаҷми 3 нишондиҳанда барои ҳисоб ва мотсикл – 1 нишондиҳанда муқаррар шудааст.

Дар қонун барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, инчунин маъюбони гурӯҳҳои I ва II имтиёзҳо пешбинӣ ггардида, онҳо 50% ҳаққи суғуртавӣ месупоранд.

Ҳамчунин ба соҳибони воситаҳои нақлиёт бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда бобати дар давоми идоракунии бефосилаи воситаҳои нақлиёт вайрон наардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ низ имтиёз дода мешавад.

Масалан, ҳангоми бе ҳодисаи роҳу нақлиёт идора кардани воситаи нақлиёт аз 5 то 10 сол пардохти мукофоти суғуртавӣ ба андозаи 5% , аз 10 то 15 сол – 10%  ва аз 15 сол ва зиёда аз он – 20% кам карда мешавад.

Маблағи ниҳоии суғуртавӣ дар ҳаҷми 818 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (49 080 сомонӣ аз соли 2021) муқаррар карда шудааст.

Ҳодисаҳои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатӣ аз ҷониби суғуртакун дар ҳаҷми то 545 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (32,7 ҳазор сомонӣ аз соли 2021) ва барои молу мулк то 273 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (14 220 сомонӣ аз соли 2021) ҷуброн карда мешавад.

Дар қонун зикр мегардад, ки ба истифодаи воситаи нақлиёт бидуни бастани шартномаи суғуртавӣ роҳ дода намешавад. Ба молики воситаи нақлиёт ҷиҳати интихоби ширкати суғуртакун ҳуқуқ дода мешавад.

Қайд мешавад, ки ташкилотҳои суғуртавӣ новобаста аз шакли моликияташон барои амалӣ намудани суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳуқуқ доранд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон ташкилотҳои суғуртавии КВД “Тоҷиксуғурта”, ҶСП ТС ”Суғуртаи аввалини миллӣ” ва ҶСДММ “Спитамен Суғурта” ин намуди суғуртаро тибқи иҷозатнома амалӣ менамоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.