Путин сабукиҳои муҳоҷиронро ним соли дигар дароз кард

Русия муҳлати будубоши муваққати шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави худ то 15-уми июни соли 2021 тамдид кард. Дар ин бора раисҷумҳури ин кишвар Владимир Путин фармон содир кард, ки он дар пойгоҳи расмии ҳуқуқии ин кишвар нашр шуд. Бо ин тартиб Путин қарори додани баъзе аз сабукиҳоро ба муҳоҷирон дар замони ҳамагирӣ то моҳи июни соли 2021 дароз […]

Asia-Plus

Русия муҳлати будубоши муваққати шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави худ то 15-уми июни соли 2021 тамдид кард. Дар ин бора раисҷумҳури ин кишвар Владимир Путин фармон содир кард, ки он дар пойгоҳи расмии ҳуқуқии ин кишвар нашр шуд.

Бо ин тартиб Путин қарори додани баъзе аз сабукиҳоро ба муҳоҷирон дар замони ҳамагирӣ то моҳи июни соли 2021 дароз кард. Муҳлати пешинаи иҷрои қарор то 15-уми декабри имсол пешбинӣ шуда буд.

Акнун муҳоҷироне, ки замони сабти иқоматашон ба поён расидааст, бе гузаштан аз марзи Русия метавонанд онро дароз кунанд.  Қарори додани сабукӣ ба муҳоҷиронро дар Русия дар шароите дароз карданд, ки ин кишвар чанд моҳ ба ин тараф ба камбуди нерӯи корӣ дар сохтмонҳо рӯ ба рӯ аст. Вазорати сохтмони Русия дар оғози ҳафтаи ҷорӣ аз ҳукумат хост, вуруди муҳоҷиронро сабуктар кунад, чун даҳҳо минтақа бахусус дар бахши сохтмон аз норасоии коргарон танқисӣ мекашанд.

Бар асоси ин фармони нави Путин  шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия ҳастанд, зарур нест санадҳои буду боши муваққатии худро, аз қабили раводид, муҳлати ҳуҷати буду бошӣ муваққатӣ ё доимӣ, ё санади ҳаққи иқомаро дароз кунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.