Зарар дидани 12 нафар аз таркиши зарфи газ дар Панҷакент

Бар асари таркиши баллон (зарф)-и газ, ки рӯзона 25 январ дар чойхонаи “Самарқанд” воқеъ дар маркази шаҳри Панҷакент рух дод, 12 нафар осеб диданд. Ҳамаи осебидагон дар беморхона бистарӣ шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон. Дар бораи вазъи ҳозираи солимии осебдидагон маълумот дода намешавад. Гуфта мешавад, баллони газ бинобар риоя нагардидани қоидаҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бар асари таркиши баллон (зарф)-и газ, ки рӯзона 25 январ дар чойхонаи “Самарқанд” воқеъ дар маркази шаҳри Панҷакент рух дод, 12 нафар осеб диданд.

Ҳамаи осебидагон дар беморхона бистарӣ шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Дар бораи вазъи ҳозираи солимии осебдидагон маълумот дода намешавад.

Гуфта мешавад, баллони газ бинобар риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ таркидааст.

Айни замон тамоми ҳолатҳои рух додани ҳодисаи мазкур мавриди санҷишу таҳқиқ қарор дода шудааст.

Дар маълумот зикр мегардад, ки чойхонаи “Самарқанд” дар иҷораи сокини 42-солаи деҳаи Майкатаи ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷакент Ёлқин Тиллоев қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.