Рустами Эмомалӣ хостори хотима бахшидан ба шиканҷаи боздоштшудагон аст

Дар Душанбе рӯзи 25 январ иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон (МММО ҶТ) даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон дар бораи назорат аз болои риояи қонунҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар соли 2020 ҳисобот дод. Бино ба иттилои маркази матбуоти МММО ҶТ, раиси палатаи болоии парлумон Рустами Эмомалӣ назди […]

Дар Душанбе рӯзи 25 январ иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон (МММО ҶТ) даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон дар бораи назорат аз болои риояи қонунҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар соли 2020 ҳисобот дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти МММО ҶТ, раиси палатаи болоии парлумон Рустами Эмомалӣ назди мақомоти прокуратура доир ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таъмини амнияти иттилоотии кишвар, коҳиш додани содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ, бахусус авбошии гурӯҳӣ аз ҷониби наврасону ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард вазифаҳои мушаххас гузошт.

Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи прокурори генералиро ба афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартараф намудани ҳолатҳои сохтакорӣ ва изофанависии ҳисоботҳои оморӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҷалб намуда, супориш дод, ки дар ин самт чораҳои иловагии қатъӣ андешида шавад.

Раиси Маҷлиси миллӣ аз мақомоти прокуратура тақозо намуд, ки дар мавриди ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тадбирҳои муассир андешида шавад.

Ӯ дастур дод, ки ба истифодаи шиканҷа нисбати боздоштшудагон ба гумони содир намудани ин ё он ҷиноят, инчунин маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон хотима бахшида шуда, дар сафҳои артиши Тоҷикистон аз муносибатҳои ғайриоинномавӣ пешгирӣ шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.