Трамп дар 4 соли раҳбарияш 30 573 дурӯғ гуфтааст

Доналд Трамп раисҷумҳури пешини ИМА  дар чаҳор соли раҳбарияш 30573 бор дурӯғ гуфтааст ё изҳороте додааст, кт мардумро ба гумроҳӣ бурдааст. Ниме аз ин дурӯғҳоро Трамп дар як соли ахири раҳбарияш гуфтааст. Ин дурӯғҳои Трампро нашрияи The Washington Post ҳисоб кардааст. Ба навиштаи рӯзнома, Трамп тақрибан дар бораи ҳама чиз изҳороти дурӯғе кардааст. Ва бештари ин […]

Доналд Трамп раисҷумҳури пешини ИМА  дар чаҳор соли раҳбарияш 30573 бор дурӯғ гуфтааст ё изҳороте додааст, кт мардумро ба гумроҳӣ бурдааст. Ниме аз ин дурӯғҳоро Трамп дар як соли ахири раҳбарияш гуфтааст. Ин дурӯғҳои Трампро нашрияи The Washington Post ҳисоб кардааст.

Ба навиштаи рӯзнома, Трамп тақрибан дар бораи ҳама чиз изҳороти дурӯғе кардааст. Ва бештари ин дурӯғҳоро ӯ дар саҳфаи Твиттераш гуфтааст. 

Ниме аз дурӯғҳои Трамп ба давраи дувуми корзори пешазинтихоботияш рост меомадаанд. Яке аз бахшҳое, ки Трамп дар бораи он дурӯғи бисёр гуфтааст, бахши муҳоҷират ё ғайриқонунӣ ворид шудани муҳоҷирон будааст.

"Трамп талош кардааст, ки бо изҳороти болохонадораш дар мавриди омадани "корвони муҳоҷирон"-и беҳуҷҷат ба марзҳо Палатаи намояндагонро дар дасти Ҳизби ҷумҳурихоҳон нигаҳ дорад, ки бидуни натиҷа анҷомидааст".

Яке аз мавзӯъҳои дигаре, ки дар мавриди он Трамп дурӯғи бисёр гуфтааст, изҳори назарҳояш дар мавриди даъваташ аз раисҷумҳури Укроин барои эълони тафтишот дар бораи парвандаи муовини пешини президент ва раисҷумҳури кунунии ИМА Ҷо Байден аст. Ба ҳисоби манбаъ, Трамп дар ин бора беш аз 1000 бор дурӯғ гуфтааст.

Ҳамчунин ба навиштаи нашрия, Трамп дар мавриди коронавирус дурӯғҳояшро ба сатҳи рекорд расонида, 2500 бор изҳороти дурӯғ додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.