КҲФ аз САҲА автомашина ва дастгоҳҳои алоқа гирифт

Имрӯз ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ду автомашина ва 50 дастгоҳи алоқаи радиоӣ тақдим шуд. Автомашинаҳо ва таҷҳизоти алоқа дар доираи ҳамкории  Дафтари кории Барномаҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар бахши огоҳӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва лоиҳаи муштараки БОР “Лоиҳаи миллӣ оид ба идоракунии хавфҳои табиӣ” дода шуд. […]

Asia-Plus

Имрӯз ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ду автомашина ва 50 дастгоҳи алоқаи радиоӣ тақдим шуд.

Автомашинаҳо ва таҷҳизоти алоқа дар доираи ҳамкории  Дафтари кории Барномаҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар бахши огоҳӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва лоиҳаи муштараки БОР “Лоиҳаи миллӣ оид ба идоракунии хавфҳои табиӣ” дода шуд.

Дар ин маросим раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Рустам Назарзода ва роҳбари Дафтари кории САҲА Валериу Кивер ҳузур доштанд.

Раиси Кумита ҳамкории дуҷонибаи пурсамар бо САҲА-ро қайд карда, барои дастгоҳи алоқаи техникӣ (ратсия) изҳори миннатдорӣ намуд. Ӯ таъкид дошт, ки техникаи мазкур бешубҳа ба наҷоти ҳаёти бисёр одамон ва сабук кардани кори наҷотбахшон ҳангоми ҳолатҳои фавқулода кумак хоҳад кард.

“Кумаки расида натанҳо техникаи зарурист, балк пеш аз ҳама, ин дастгирии назаррас бари беҳбуди кор дар бахши кумак ба аҳолӣ аст”, – гуфт Назарзода.

Дар навбати худ Кивер таъкид дошт, ки САҲА минбаъд низ бо Кумита дар самти огоҳӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳамкорӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио