Парвандаи корманди фурудгоҳи Душанбе, ки худкушӣ кард, ба баррасии суд пешниҳод шуд

Тафтиши парвандаи Шерафган Хоҷақулови 38-сола, корманди хадамоти амнияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба итмом расида, ҷиҳати баррасӣ ба суд пешниҳод шуд. Аслиддин Меликов, муовини директори генералии ФБД дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки тафтиши ин парванда дар Прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ гузаронида шуда, ба баррасии суди ноҳияи Шоҳмансур фиристода шудааст. Ба гуфтаи […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Тафтиши парвандаи Шерафган Хоҷақулови 38-сола, корманди хадамоти амнияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба итмом расида, ҷиҳати баррасӣ ба суд пешниҳод шуд.

Аслиддин Меликов, муовини директори генералии ФБД дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки тафтиши ин парванда дар Прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ гузаронида шуда, ба баррасии суди ноҳияи Шоҳмансур фиристода шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, Шерафган ва ду тан аз ҳаммаслакони ӯ ба “қаллобӣ” айбдор карда мешаванд.

“Ин се нафар барои харидани билетҳои ҳавопаймоӣ аз Душанбе ба Русия аз шаҳрвандон 109 ҳазор сомонӣ гирифтаанд, лекин ба ивази он ба шаҳрвандон билет надодаанд, – гуфт Меликов. – Яке аз ҳаммаслакони Шерафган – Ҷамшед Саломов айни замон дар ҳабс буда, сеюмаш гурехтагӣ аст”.

Ба гуфтаи ӯ, онҳо бисёр шаҳрвандонро фиреб карда, пас аз воқеъаи рухдода аксарият аз арзу шикоятҳои худ даст кашидаанд.

Ҳамчунин ӯ фарзияи ба худкушӣ даст задани Шерафганро бо сабаби пардохт нашудани музди меҳнаташ рад кард.

“Дар давраи пандемия ба ӯ ҳамагӣ 4 ҳазор сомонӣ пул пардохт шуд, – қайд кард номбурда. – Ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар ин хусус ба ихтиёри прокуратура дода шуданд”.

Ёдрас мекунем, ки корманди хадамоти амнияти ФБД нимаи дуюми рӯзи 26 октябр бо истифода аз силоҳи хизматии худ даст ба худкушӣ зад. Он замон пайвандонаш изҳор дошта буданд, ки ӯ ба аломати эътироз ҷиҳати пардохт нашудани маош дар зарфи 9 моҳ худкушӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.