Тарифҳои об дар Тоҷикистон имсол боло бурда намешаванд

Роҳбари КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” (ХМК)-и Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода зимни нишасти хабарии имрӯза хабар дод, ки имсол дар ҷумҳурӣ тарифҳо ба хизматрасониҳои таъминот бо об ва баровардани партовҳо боло бурда намешаванд. “Ҳарчанд тарифҳои мазкур пасту хароҷоти корхонаро рӯйпӯш карда наметавонанд”, – қайд кард ӯ. Тавре дар КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” маълумот доданд, тарифҳо барои ҳар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Роҳбари КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” (ХМК)-и Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода зимни нишасти хабарии имрӯза хабар дод, ки имсол дар ҷумҳурӣ тарифҳо ба хизматрасониҳои таъминот бо об ва баровардани партовҳо боло бурда намешаванд.

“Ҳарчанд тарифҳои мазкур пасту хароҷоти корхонаро рӯйпӯш карда наметавонанд”, – қайд кард ӯ.

Тавре дар КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” маълумот доданд, тарифҳо барои ҳар кадоме аз шаҳру навоҳӣ фарқ доранд.

Дар Душанбе тарифҳо ба хизматрасониҳои таъминот бо об ва обу корез барои гурӯҳҳои гуногуни истеъмолгарони пойтахт бар асоси қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ тағйир дода шуд.

Дар ин қарор ба корхонаи “Обу корези Душанбе” дастур дода шуд, ки насби обҳисобкунакҳоро оид ба харҷи об таъмин кунад. Ин ба корхона имкон медиҳад, ки харҷи воқеии об ва истифодаи обу корезро аз ҷониби аҳолӣ саҳеҳ муайян созад. Инчунин истеъмолгарон низ пули обро мувофиқи нишондиҳандаи обҳисобкунак пардохт мекунанд.

 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.