“Азия-Плюс” ба Муассисаи ислоҳии кӯдаконаи Душанбе китоб тақдим кард

Дар Рӯзи байнулмилалии тақдими китоб (14 феврал) мо чун соли пешин, тасмим гирифтем, ки китобҳои ҷамъовардаамонро ба Муассисаи ислоҳии кӯдаконаи шаҳри Душанбе тақдим кунем. Ҳамагӣ беш аз 100 китоб бо забонҳои тоҷикиву русӣ тақдим шуд. Қисмати асосии китобҳо бадеӣ буда, ҳам барои калонсолону ҳам хурдсолон пешбинӣ шудаанд. Байни китобҳои тақдимшуда асарҳои классикон ва адибони муосир […]

Asia-Plus

Дар Рӯзи байнулмилалии тақдими китоб (14 феврал) мо чун соли пешин, тасмим гирифтем, ки китобҳои ҷамъовардаамонро ба Муассисаи ислоҳии кӯдаконаи шаҳри Душанбе тақдим кунем.

Ҳамагӣ беш аз 100 китоб бо забонҳои тоҷикиву русӣ тақдим шуд. Қисмати асосии китобҳо бадеӣ буда, ҳам барои калонсолону ҳам хурдсолон пешбинӣ шудаанд.

Байни китобҳои тақдимшуда асарҳои классикон ва адибони муосир ҳастанд, ки натанҳо аз ҷониби кормандони “Азия-Плюс”, балки хонандагони мо низ ҷамъоварӣ шудаанд.

Айни замон дар ин муассиса 43 нафар наврасон адои ҷазо мекунанд. Ба ғайр аз таълим тибқи барномаи мактабӣ, наврасон ба бозиҳои футболу волейбол, теннис ва шоҳмот машғул буда, китоб ҳам мехонанд.

Наврасон аз туҳфаҳо хурсанд шуда, дар бораи майлашон ба китобхонӣ, аз китобҳои писанд омадаашон нақл карданд ва яке аз онҳо шеъре ҳам қироат кард. Тафсилот дар гузориши видеоии мо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.