Деҳаи нави зарардидагони сели Хуросонро “30-солагии Истиқлол” ном гузоштанд

Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, баъди бунёди деҳаи нав барои зарардидагони сели моҳи майи соли гузашта, коршиносони геологӣ муайян кардаанд, ки 59 хонаводаи дигарро ҳам бояд ба ҷойи амнтар бикӯчонанд.  Дар ҷои деҳаи пештараи "Неъматуллои Асадулло", ки соли 2020 аз сел зарар дида буд, корхонаи саноатӣ бунёд хоҳад шуд. Дар ин бора раиси ноҳияи Хуросон Илҳом […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, баъди бунёди деҳаи нав барои зарардидагони сели моҳи майи соли гузашта, коршиносони геологӣ муайян кардаанд, ки 59 хонаводаи дигарро ҳам бояд ба ҷойи амнтар бикӯчонанд.  Дар ҷои деҳаи пештараи "Неъматуллои Асадулло", ки соли 2020 аз сел зарар дида буд, корхонаи саноатӣ бунёд хоҳад шуд. Дар ин бора раиси ноҳияи Хуросон Илҳом Аҳмадзода зимни нишасти матбуотияш имрӯз 19 феврал хабар дод.

"Барои 67 оила дар ҷойи нав, бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ, вилоят ва соҳибкорону хайрхоҳон 67 хонаи истиқоматӣ сохта шуд. Ин деҳа "30 солагии Истиқлол" номгузорӣ карда шуд”,-гуфт раиси ноҳия.

Ҳамчунин мувофиқи хулосаи геологҳо, бояд 59 оилаи дигар низ ба мавзеъи бехавф кӯчонда шавад. Ҳоло масъалаи замин барои ин оилаҳо баррасӣ шуда истодааст",- гуфт раиси ноҳия.

Илҳом Аҳмадзода дар идомаи суҳбаташ гуфт, ки дар ҷойи деҳаи зарардида корхонаи саноатӣ сохтаниянд.

"Дар ҷойи он деҳаи зарардида, ният дорем як корхонаи саноатӣ бисозем. Дар ин замина бо соҳибкорон гуфтушунид рафта истодааст. Пешниҳодо шуд, ки дар онҷо хоҷагии деҳқонӣ ташкил кунанд, вале мо розӣ нашудем",- гуфт Аҳмадзода.

Раиси ноҳия низ таъид кард, ик 6 сокини ин мавзеъ аз тарафи додгоҳи ноҳия барои даст доштан дар бетартибиҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Аммо раиси ноҳия ҷузъиёти парвандаҳои ин қазияро шарҳ надод.

Бояд гуфт, ки даҳ сокини ноҳияи Хуросонро барои иштирок дар эътироз ва бастани роҳи Бохтар – Душанбе ҳабсу ҷарима кардаанд. Ҳукми онҳо рӯзи 26-уми ноябри соли 2020 эълон шуда, тафсилоташ танҳо рӯзи 9-уми феврали имсол ошкор шуд.

Эътирози сокинони ноҳияи Хуросон рӯзи 17-уми майи соли 2020, баъд аз вайронгариҳои селу ярч, сурат гирифт. Мардуми осебдида барои чанд соат шоҳроҳи Бохтар – Душанберо баста, гуфтанд, ба ин восита мушкили худро ба мақомот расонданд.

Сели рӯзҳои 14 ва 15-уми майи соли 2020 даҳҳо хонаро пурра вайрон ва ба даҳҳо манзили дигар қисман осеб расонд, чанде аз чорвои мардумро кушт ва киштзорҳошяонро хароб кард. Ду нафар ҳам ҷони худро аз даст доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.