Чемпионати футболи ҷаҳон: Тоҷикистон – Муғулистон 3:0

Дар бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати футболи ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" мунтахаби футболи Тоҷикистон тими Муғулистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Вохӯрии мазкур шоми 25 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 10 ҳазор тамошобин баргузор шуд. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 4-уми вохӯрӣ ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов (тими “Истиқлол”) боз кард. Тӯби дуюмро дар […]

Asia-Plus

Дар бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати футболи ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" мунтахаби футболи Тоҷикистон тими Муғулистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Вохӯрии мазкур шоми 25 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 10 ҳазор тамошобин баргузор шуд.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 4-уми вохӯрӣ ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов (тими “Истиқлол”) боз кард. Тӯби дуюмро дар дақиқаи 50-ум нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов (дастаи “Истиқлол”) ба самар расонид. Голи сеюмро дар дақиқаи 86-ум ҳамлагар Шаҳром Самиев (тими «Динамо-Авто», Молдова) ба дарвозаи ҳарифон ворид кард.

Ба ин тариқ, айни замон дар гурӯҳи "F" Ҷопон бо касби 12 имтиёз аз 4 бозӣ дар садри ҷадвал қарор дорад. Пас аз ғалаба бар Муғулистон Тоҷикистон бо 10 имтиёз аз 6 бозӣ ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Мунтахаби Қирғизистон бо 7 имтиёз аз 5 бозӣ зинаи сеюм, Мянма бо 6 имтиёз аз 5 бозӣ – мақоми ҷорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз аз 6 бозӣ дар ҷойи панҷум қарор доранд.

Дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати футболи ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста иштирок дошта, 8 ғолиби гурӯҳҳо ва 4 дастаи зинаи дуюми гурӯҳҳо  бо беҳтарин нишондиҳандаҳо ба марҳилаи сеюми интихобӣ роҳ меёбанд ва инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) мизбонони мусобиқаҳои мутамаркази марҳилаи дуюми мусобиқаи давраи интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022-ро эълон кард.

Ин бозиҳо дар давраи аз 31 май то 15 июн баргузор мешаванд. Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бозиҳои моҳи июни худро бо тимҳои Ҷопон (7 июн) ва Мянма (15 июн) дар Ҷопон баргузор мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст