Баҳси Манижаву сурудаш ба порлумони Русия расид. Матвиенко сурудро сафсата хонд

Баҳси овозхон Манижаву сурудаш, ки барои ширкат дар озмуни "Евровидение-2021" аз Русия интихоб шуд ба сатҳи раиси Шӯрои федеролии Русия расид. Валентина Матвиенко, раиси Шӯро матни суруди "Зани рус"-и Манижа Сангинро интиқод кард ва дастур дод, ки дар бораи раванди интихоби ширкаткунанда ва сурудаш маълумот ҷамъоварӣ шавад, хабар медиҳад "МК.ру". "Касе, ки ба матни ин суруд […]

Asia-Plus

Баҳси овозхон Манижаву сурудаш, ки барои ширкат дар озмуни "Евровидение-2021" аз Русия интихоб шуд ба сатҳи раиси Шӯрои федеролии Русия расид.

Валентина Матвиенко, раиси Шӯро матни суруди "Зани рус"-и Манижа Сангинро интиқод кард ва дастур дод, ки дар бораи раванди интихоби ширкаткунанда ва сурудаш маълумот ҷамъоварӣ шавад, хабар медиҳад "МК.ру".

"Касе, ки ба матни ин суруд ошно нест, тавсия медиҳам. Ин як дарҳамбарҳамӣ ва дар маҷмуъ кадом як сафсата аст. Ман дар маҷмуъ намефаҳмам, ки ин чист. Ва дар бораи чист?",-гуфтааст ӯ дар ҷаласаи палатаи болоии порлумони Русия.

Матвиенко ба сенатор Елена Афанасева дастур дод, ки аз Шабакаи якум иттилооти марбут ба шеваи баргузории овоздиҳӣ ба ин сурудро дархост кунад. 

"Аҷиб аст, ки гӯё ҳама чиз аз байн меравад",- изҳори нигаронӣ кардааст Матвиенко.

Раиси Шӯрои федеролӣ ҳатто унвони сурудро "авбошӣ" ва "навъе тангназарӣ" номид. Ӯ пешниҳод кард, ки рӯйи ин фикр шавад, ки чӣ гуна бояд номи сурудро иваз кард ва дар матни он ба ҷойи вожаи  "русӣ" аз "ноболиғ" истифода шавад. 

Интиқоди Матвиенко дар ҳолест, ки дар Русия интихоби овозхони тоҷиктабор Манижаи Сангин ва суруди "Зани рус"-и ӯ барои намояндагии ин кишвар дар озмуни "Евровидение" мавҷу баҳсу интиқодҳоро ба бор овардааст. 

Аз ҷумла вакили Думаи давлатии Русия Виталий Милонов дар мавҷи радиои "Комсомолская правда" бо муҷрии радио шарт бастааст, ки агар Манижа ба даври ниҳоӣ роҳ ёбад ӯ маоши якмоҳааш (400 ҳазор рубли русӣ)-ро хайр мекунад. 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои Русия бештари корбарон ва чеҳраҳои сиёсиву иҷтимоӣ интихоби Манижаро як таҳқире барои Русия унвон кардаанд. Бархе аз корбарону коршиносони тоҷик ин гуна вокунишҳо ба суруд ва шахсияти худи Манижаро натиҷаи миллигароии шадид ва шовинизми мавҷуд дар Русия унвон мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.