Имсол қурби доллар дар Тоҷикистон зиёд боло намерафтааст

Date:

Коршиносони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) устувор гардидани ҷараёни қурби асъори кишварҳои узви ин муасисаро дар соли 2021 интизорӣ доранд.

Дар Гузориши макроиқтисодии рӯзи 31 март нашршудаи Бонк гуфта мешавад, аз аввали соли равон қурби асъори кишварҳои минтақа нисбат ба доллар ба таври кофӣ устувор боқӣ мемонанд.

“Болоравии нархи нафт ба ин мусоидат мекунад. Дар ҳамин ҳол таъсири хавфҳои геополитикӣ ба рубли русӣ идома ёфта, шароити устувор будани онро маҳдуд месозад”, – навиштаанд таҳлилгарони БАОР.

Онҳо қурби миёнаи драми арманиро дар соли 2021 нисбат ба доллар ҳудуди 521, рубли беларусӣ – 2,63, тангаи қазоқӣ – 421,6, соми қирғизӣ – 84,9, рубли русӣ – 73,6 ва сомонии тоҷикӣ – 11,5 пешгӯйӣ кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 қурби расмии пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари ИМА ба андозаи 16,6% поин рафт: аз 9,69 сомонӣ барои 1 доллар то 11,3 сомонӣ. Тайи даҳсолаи ахир қурби сомонӣ нисбат ба доллар танҳо соли 2015 аз ин андоза бештар – 34% беқурб шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...