Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон Рамазон Раҳимзода ва Улан Ниёзбеков ба ҳам мулоқот карданд.
Ба иттилои сомонаи ВКД-и Тоҷикистон мулоқот рӯзи 6-уми апрел баргузор шуда? Рамазон Раҳимзода ва ҳамтои қирғизии ӯ Улан Ниёзбеков ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомотҳои корҳои дохилии ду кишварро баррасӣ кардаанд.
“Дар ин замина барои дастгириву талошҳои муштарак дар мусоидат ба барқарории сулҳу субот дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғд ва вилояти Ботканди Қирғизистон изҳор назар карда шудааст”.
Дар ин ҷаласаи васеъ сардорони бахшҳои махсусгардонидашудаи ду кишвар иштирок доштаанд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои наздимарзӣ ва инчунин масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо баррасӣ шудаанд.
Таваҷҷуҳи бештар ба таҳкими робитаҳои роҳбарони мақомоти корҳои дохилии минтақаҳои наздимарзӣ ва шӯъбаҳои махсуси варзоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон дода шудааст. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ бар муқобила ба зидди ҷинояткорӣ ва мустаҳкам намудани фаъолияти ҳуқуқии чандинсола иброз намудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


