Моҳи май дар Тоҷикистон 12 рӯз истироҳат хоҳад буд

Дар моҳи майи соли равон бо назардошти ҷашнҳои Рӯзи Ғалаба ва Иди Рамазон сокинони Тоҷикистон 12 рӯз истироҳат мекунанд. “Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад”, – шарҳ дод ба “Азия-Плюс” ин масъаларо як […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар моҳи майи соли равон бо назардошти ҷашнҳои Рӯзи Ғалаба ва Иди Рамазон сокинони Тоҷикистон 12 рӯз истироҳат мекунанд.

“Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад”, – шарҳ дод ба “Азия-Плюс” ин масъаларо як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Имсол ҷашни Рӯзи Ғалаба – 9 май ба рӯзи якшанбеи ҳафта рост меояд ва бо назардошти меъёрҳои дар боло зикршуда, рӯзҳои 8, 9 ва 10 май дар ҷумҳурӣ рӯзҳои ғайрикорӣ мебошанд.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҷашни Иди Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 13 май фаро мерасад ва ин рӯз низ тибқи қонун рӯзи истироҳат аст.

Ба ин тариқ, моҳи оянда шаҳрвандони Тоҷикистон 12 рӯз: 1, 2, 8, 9, 10, 13, 15, 16, 22, 23, 29 ва 30  май истироҳат мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон соли 2016 тағйироту иловаҳо ба қонун дар бораи рӯзҳои ид тасдиқ шуд, ки ба ҷашни Рӯзи 1 май низ дахл дошт.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои он замон ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” қабулшуда, 1 май дар ҷумҳурӣ рӯзи ид шуморида шуда, лекин бе рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.