Ашт: боздошти ду ҷавоне, ки аз як зан хостаанд 4000 сомонӣ бидиҳад, вагарна видеои шабонаашро нашр мекунанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавоне дар ноҳияи Ашт хабар додааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод онҳо як зани 31-солаи сокини ин ноҳияро таҳдид кардаанд, ки барояшон 4 ҳазор сомонӣ бидиҳад, вагарна видеои лаҳзаи шабона ба як мошин савор шуданашро нашр мекунанд.  Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД "ба ШВКД дар ноҳияи Ашт бо […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавоне дар ноҳияи Ашт хабар додааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод онҳо як зани 31-солаи сокини ин ноҳияро таҳдид кардаанд, ки барояшон 4 ҳазор сомонӣ бидиҳад, вагарна видеои лаҳзаи шабона ба як мошин савор шуданашро нашр мекунанд. 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД "ба ШВКД дар ноҳияи Ашт бо ариза зани 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аз моҳи январи соли 2021 то инҷониб “Довар” ва “Равшед” ном шахсон, бо таҳдиди он, ки гӯё охирон дар нисфи шаб ба автомашинаи “Одил” ном шахс савор шуданашро ба навор гирифтаанд, аз ӯ 4 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд".

ВКД мегӯяд, ки ин ду ҷавони сокини ҳамин ҷамоатро 24-уми апрел ҳангоми гирифтани 4 ҳазор сомонӣ дастгир кардаааст.

Ҳоло ин ниҳод алайҳи ин ду ҷавон бар асоси қисми 2-и моддаи 250-и  Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.