Эмомалӣ Раҳмон котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД-ро ба ҳузур пазируфт

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо – иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба мубориза бар зидди дигар хатарҳо, аз ҷумла хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, бӯҳрони шадиди ҷаҳонии иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявӣ, таъсири онҳо ба амният ва иқтисодиёти кишварҳо, бехатарии биологӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, дар робита ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир ва таъсири онҳо ба амнияти давлатҳои аъзои СААД, афзоиши ташаннуҷи байналмилалӣ вобаста ба рақобати геополитикӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи амну суботи кишварҳо, Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи Созмон, ки ҷониби Тоҷикистон соли равон раёсати онро ба ӯҳда дорад, ишора кард.

Дар охир Президенти мамлакат ба кори ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД комёбӣ орзу карда, изҳори умед намуд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш барои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта, пурсамар хоҳад буд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз, 29 апрел дар Душанбе таҳти раёсати котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СААД доир мегардад.

Дар кори ҷаласа котибони Шӯроҳои амнияти Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...