КҲФ: Рӯзҳои истироҳат ду ноболиғ ғарқ шуданд

1 май ноболиғи 5-сола, сокини деҳаи Ҷовидони ҷамоати деҳоти Қаротоғ бо сабаби беназорат гузоштан аз ҷониби волидон ба дарёи Қаротог афтода, ғарқ шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. Пас аз ним соати ҳодисаи фоҷеабор кормандони Кумита ҳамроҳи аҳолии маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯро ба роҳ монда, ҷасади кӯдакро дарёфт ва ба пайвандонаш супурданд. Ҳодисаи […]

Asia-Plus

1 май ноболиғи 5-сола, сокини деҳаи Ҷовидони ҷамоати деҳоти Қаротоғ бо сабаби беназорат гузоштан аз ҷониби волидон ба дарёи Қаротог афтода, ғарқ шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Пас аз ним соати ҳодисаи фоҷеабор кормандони Кумита ҳамроҳи аҳолии маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯро ба роҳ монда, ҷасади кӯдакро дарёфт ва ба пайвандонаш супурданд.

Ҳодисаи дуюм дар шарқи кишвар рух дод. 2 май ноболиғи 7-солаи сокини деҳаи Коргардони ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор ҳангоми гузаштан аз пули худсохт ба дарё афтода, ғарқ шудааст.

Корҳо  оид ба ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғ аз ҷониби наҷотбахшони Кумита дар минтақаи Рашт идома дорад.

Дар робита ба ин ҳодисаҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро бе назорат намонанд ва бе ҳамроҳӣ бо калонсолон нагузоранд, ки назди обанборҳо ҳузур дошта бошанд ё оббозӣ кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.