Президенти Қазоқистон бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд

Бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми майи соли равон сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ. Дар сомонаи ВКХ Тоҷикистон дар бораи ин сафар танҳо бо як ҷумла маълумот дода шуда, дигар ҷузъиёти он нест. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти […]

Бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми майи соли равон сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Дар сомонаи ВКХ Тоҷикистон дар бораи ин сафар танҳо бо як ҷумла маълумот дода шуда, дигар ҷузъиёти он нест.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом дода, масъалаҳои ҷории муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои  умдаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, зимни гуфтугӯ ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуда, дар ин зимн ҷонибҳо оид ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

“Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбари давлати Қазоқистон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар наздиктарин фурсати муносиби  моҳи майи соли ҷорӣ даъват ба амал оварда, даъвати мазкур аз ҷониби Қазоқистон бо қаноатмандӣ пазируфта шуд”, – омадааст дар хабари дафтари матбуоти президент.

Зимнан зикр мегардад, ки муҳлати мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешаванд.

Таърихи дақиқи оғози сафар ҳоло маълум нест, лекин ба иттилои манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумат, вақти сафари сарвари давлати Қазоқистон бо вақти сафари расмии президенти Қирғизистон Содир Жапаров ба Тоҷикистон рост меояд.

Ёдрас мекунем, ки дар бораи воӯхрӣ дар Душанбе дар моҳи май сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон зимни гуфтугуӯи телефонӣ рӯзи 30 апрел ба мувофиқа расиданд.

Дар назар аст, ки ба ҷуз баррасии масоили роҳ надодан ба муноқишаҳо дар марзи давлатӣ, суръат бахшидан ба корҳои таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни кишварҳо, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров як қатор санадҳои дуҷониба низ ба имзо мерасонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".