Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати низомиёни қирғизе, ки ба Исфара ҳамла карданд

Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии маҳаллии Қирғизистон аз рӯйи далели ҳамлаи мусаллаҳона ба ҷамоати Чоркӯҳи Исфара рӯзи 29 апрел парвандаи ҷиноятӣ боз кард. “Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз рӯйи далели ҳамлаи мусаллаҳона  ба ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфрра соати 11-и рӯзи 29 апрел нисбати гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Қирғизистон иборат аз тақрибан […]

Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии маҳаллии Қирғизистон аз рӯйи далели ҳамлаи мусаллаҳона ба ҷамоати Чоркӯҳи Исфара рӯзи 29 апрел парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

“Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз рӯйи далели ҳамлаи мусаллаҳона  ба ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфрра соати 11-и рӯзи 29 апрел нисбати гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Қирғизистон иборат аз тақрибан 200 нафар мутобиқи моддаи моддаи 395 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона) ва 104 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Ба иттилои прокуратура, таҳрикдиҳандаи иғво хизматчиёнии ҳарбии Хадамоти марзбонии Қирғизистон мебошанд.

“Бар асари ҳамлаи мусаллаҳона чандин нафар, аз ҷумла раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода захм бардошта, шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуданд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ба кардаашон қаноат накарда, шахсони болозикр бо дастгирии шумораи боз ҳам зиёдтари хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии маҳаллӣ бо силоҳи оташфишон дар даст, техникаи ҳарбӣ ва дигар намуди силоҳи оташфишон ба аҳолии маҳаллӣ, объектҳои инфрасохторӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳамла карданд.

“Дар натиҷаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи мазкур якчанд нафар кушта, даҳҳо ярадор ва шумораи зиёди хонаҳои истиқоматӣ, иншооти сарҳадӣ, дигар иншоот ва объектҳои инфрасохтор сўзонида шуд. Ба шаҳрвандон ва давлат зиёни махсусан калони моддӣ расонида шуд”, – изҳор мешавад дар маълумот.

Зикр мегардад, ки истифодаи қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлат бар зидди соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ё истиқлолияти сиёсии давлати дигар ё бо ягон тартиби дигаре, ки ба Оинномаи СММ ё дигар шартномаҳои байналмилалӣ мухолифат менамояд, ҳамчун ҳаракати таҷовузкорона баҳо дода мешавад.

Қаблан Прокуратураи Қирғизистон аз рӯйи далели муноқиша дар марз бо Тоҷикистон тибқи моддаи “Ҷиноят зидди сулҳ”-и Кодекси ҷиноятии ин кишвар парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. Дар Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон оид ба рӯйдодҳо дар сарҳад бо Тоҷикистон 11 парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".