Намоиши либоси тӯёна аз атласу адрас дар Хуҷанд

Дар кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Фестивал-озмуни сарулибоси миллии «Атласу адраси Хуҷанд- 2021» доир гардид. Дар озмун кори 20 тарроҳро зиёда аз 200 нафар иштирокчиён намоиш доданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси шаҳр Маъмурхон Юсуфзод. Фестивал-озмун дар бахшҳои “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси идона” ва “Беҳтарин либоси миллии арӯсиву домодӣ” баргузор […]

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Дар кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Фестивал-озмуни сарулибоси миллии «Атласу адраси Хуҷанд- 2021» доир гардид. Дар озмун кори 20 тарроҳро зиёда аз 200 нафар иштирокчиён намоиш доданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси шаҳр Маъмурхон Юсуфзод.

Фестивал-озмун дар бахшҳои “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси идона” ва “Беҳтарин либоси миллии арӯсиву домодӣ” баргузор гардид.

Дар бахши “Беҳтарин либоси кӯдакона” зинаи аввалро Нӯшофарин Юсуфова (тарроҳ Матлуба Ниёзова), дуюмро – Биҳабиба Самадова ва сеюмро Мадина Анварова ишғол намуданд.

Дар бахши “Беҳтарин либоси миллии арӯсиву домодӣ” ҷойҳои 1,2 ва 3-юм мутаносибан ба Дилфуза Муқимова, Мусаввара Саидвализода ва Нигора Болтубоева муносиб дониста шуданд.

Ҷоизаҳо барои мақомҳои 1,2 ва 3-юм дар бахши “Беҳтарин либоси расмӣ” ба тарроҳон (моделйерҳо) Маҳина Бобоева, Малика Уралова ва Шоҳина Ғафурова тақдим шуданд.

Мадина Анварова, Қурбоной Сатторова ва Масъуда Ғаниева ба гирифтани ҷоизаҳо дар бахши “Беҳтарин либоси идона” шарафёб гардиданд.

Ба Шоҳҷоизаи озмун кори рассом-тарроҳ Матлуба Ниёзова сазовор дониста шуд.

Ба ғолибон диплому мукофотпулӣ аз 500 то 2 ҳазор сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ аз номи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода супурда шуданд. Инчунин кӯдакони тарроҳ низ ба туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.