Сарвазири Тоҷикистон бо як ҳайати ҳукуматӣ ба Тошканд рафт

Қоҳир Расулзода дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ барои ширкат дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Тошканд рафт. Қарор аст рӯзҳои 14-15-уми май дар Тошканд ин ҷаласа баргузор шавад. Ба ҳайтаи Тоҷикистон рҳбарони бахши иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон шомиланд. Гуфта мешавад дар доираи ин барнома ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Қоҳир Расулзода дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ барои ширкат дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Тошканд рафт.

Қарор аст рӯзҳои 14-15-уми май дар Тошканд ин ҷаласа баргузор шавад. Ба ҳайтаи Тоҷикистон рҳбарони бахши иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон шомиланд.

Гуфта мешавад дар доираи ин барнома ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии Тошканд аз наздик шинос мешаванд. Дар назар аст пас аз ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба имзо расанд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Ӯзбакистон ва Тоҷикистон 29 сентябри соли 2020 дар Душанбе доир шуда буд.

Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ин ду кишвари ҳамсоя дар пасманзани ташрифи қарибулвуқӯи президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон баргузор мегардад. Интизор меравад Шавкат Мирзиёевбо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 10-12 июн ба Душанбе бо сафари расмӣ ташриф орад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.