Президент ба барқарор кардани хонаҳои харобгардида дар Вахш дастур дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 май бо раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Қурбоналӣ Юсупов суҳбати телефонӣ анҷом дод. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, раиси ноҳияи Вахш ба президент доир ба тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳисобот дод. Бо дастури сарвари давлат бо роҳбарии муовини сарвазир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва роҳбарони дигар сохторҳои марбута ҷиҳати […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 май бо раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Қурбоналӣ Юсупов суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, раиси ноҳияи Вахш ба президент доир ба тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳисобот дод.

Бо дастури сарвари давлат бо роҳбарии муовини сарвазир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва роҳбарони дигар сохторҳои марбута ҷиҳати муайян кардани хисороти ба хоҷагии халқи ин ноҳия расида ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ гурӯҳи корӣ сафарбар гардид.

Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Вахшро вазифадор намуд, ки ба мардуми зарардида кӯмакҳои саривақтӣ расонанд ва ҳарчи зудтар манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти харобгардидаро барқарор намоянд.

Тибқи маълумоти КҲФ, дар ноҳияи Вахш бар асари обхезиву сел манзилҳои сокинон, заминҳои наздиҳавлаигӣ ва пули роҳҳои байни деҳаҳо зарар диданд.

Қаблан хабар дода будем, ки шаҳрдории Душанбе ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон кумаки башардӯстона фиристод.

Бино ба маълумоти ахири КҲФ Тоҷикистон, дар натиҷаи офати табиии рӯзи 11 май 9 нафар ҳалок шуданд. Аз селу обхезиҳо ҳадди ақалл 15 ноҳияи вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ осеб диданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.