Кумаки шаҳрдории Душанбе ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Кӯлоб

Шаҳрдории Душанбе рӯзи 13 май ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон кумаки башардӯстона фиристод, ки байни аҳолии рӯзи 11 май аз офати табиӣ осебдида тақсим карда мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, кумак аз 300 тонна масолеҳи сохтмонӣ аз қабили сементу арматура ва  тахта иборат аст. Гуфта мешавад, ба аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи […]

Шаҳрдории Душанбе рӯзи 13 май ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон кумаки башардӯстона фиристод, ки байни аҳолии рӯзи 11 май аз офати табиӣ осебдида тақсим карда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, кумак аз 300 тонна масолеҳи сохтмонӣ аз қабили сементу арматура ва  тахта иборат аст.

Гуфта мешавад, ба аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи ин минтақа инчунин беш аз 170 тонна  маҳсулоти хурокворӣ, аз ҷумла   орду шакар, гӯшту равған, биринҷ, пиёзу картошка  ва  1200 дона ҷиҳози рахти хоб  фиристода шуд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари офати табиӣ дар қаламрави ҷамоати деҳоти Даштиҷум, деҳаи Порвори ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таҳхонаи 26 хона ва иншооти ёридиҳанда, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва роҳҳои байни деҳаҳо зери об монданд.

Дар шаҳри Кӯлоб манзилҳои воқеъ дар кӯчаҳои Завод, Содиқов, қитъаҳои 3, 4, 5 ва маҳаллаи Файзободи боло, Первомай, Раҳимзода ва Пошодара зери обу лойқа монда, ғайр аз ин, ба боғҳо ҳам зарар расонида шуд.

Дар ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара пули роҳи байни Данғара-Леваканд қисман осеб дид.

Дар ноҳияи Муъминобод хонаву қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, пулу роҳҳои байни деҳаҳо аз сел хисорот диданд.

Ҳангоми омадани сел дар шаҳри Кӯлоб се нафар ҳалок шуданд, ки ду нафарашон дар дохили мошин қарор дошта, якеро маҷрои сел бурд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.