Обхезиҳои 13 май дар Хатлону Ҳисор: шусташавии роҳу кӯчонидани аҳолӣ ва хонаҳои зериобмонда

Бар асари боришоти пуршиддати рӯзи 13 май дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ ҳодисаҳои селфароӣ ба қайд гирифта шуд. Тавре маркази матбуоти КҲФ хабар медиҳад, дирӯз дар натиҷаи боришоти пуршиддат сатҳи об дар наҳр (канал)-и Навобод-2, ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ боло рафта, ба шусташавии қитъаи роҳ дар километри 77-ум боис […]

Бар асари боришоти пуршиддати рӯзи 13 май дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ ҳодисаҳои селфароӣ ба қайд гирифта шуд.

Тавре маркази матбуоти КҲФ хабар медиҳад, дирӯз дар натиҷаи боришоти пуршиддат сатҳи об дар наҳр (канал)-и Навобод-2, ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ боло рафта, ба шусташавии қитъаи роҳ дар километри 77-ум боис гардид ва ҳаракати нақлиёт қатъ шуд.

“Хадамоти нигаҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо карда, оқибатҳои офати табиӣ бартараф шуданд. Айни замон роҳ боз буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт барқарор аст”, – гуфта мешавад дар маълумот.

Ҳамчунин дар натиҷаи селу обхезӣ таҳхонаҳои ду манзил дар деҳаи Коммунизм, се қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва иншооти ёридиҳандаи сокинони деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Вахшро об зер кард.

Ба хотири аз сел эмин доштани сокинон, аҳолии маҳаллӣ муваққатан ба макони бехавф кӯчонида шуд.

Дар ҳамин рӯз сокинони як қатор ҷамоатҳои ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон низ аз сел осеб диданд.

Аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Чилдухтарон қисман ду пул зарар дид; дар деҳаҳои Шулулу, Тебалай ва Бобои Ҳабиб лойқа ба се хона зарар расонида, таҳхонаи 10 манзил ва 32 қитъаи замини наздиҳавлигӣ зери об монд ва се пул қисман осеб дид; дар ҷамоати деҳоти Ш.Шоҳин 9 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони маҳаллиро сел зер кард.

Дар ҷамоатҳои деҳоти Гулистон ва А.Авазови ноҳияи Восеъ сел ба 100 иншооти ёридиҳанда қисман зарар расонид. Ин ҷо 32 иншоот қисман ва 20 иншооти пурра хароб шуданд. Инчунин, 2 манзил ҳам қисман осеб дид.

Дар деҳаҳои Ваҳдат ва Нурмати ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор 28 қитъаи замини наздиҳавлигӣ зери лойқа монда, 20 метри роҳи мошингард шуста шуд.

Инчунин боришоти пуршиддат ба қитъаҳои ҷамоатҳои деҳоти Шарора, Ҳисор, Дурбати шаҳри Ҳисор зарар расонида, ин ҷо 276 нафарро имдодгарони КҲФ ба макони бехавф кӯчониданд.

Кӯчаву бозор ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар шаҳри Турсунзода зери оби борон монданд. Айни замон оқибатҳои офат бартараф карда шудаанд.

Таъкид мешавад, ки дар маҳалҳо Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру навоҳии зикршуда машғули коранд. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.