Даргузашти Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Назирмад Мӯсоев

Date:

Шаби 16 май актёри маъруфи театру кинои тоҷик, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Назирмад Мӯсоев дар синнни 69-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Ҳамкоронаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки ӯ аз сактаи шадиди қалб вафот кардааст. Дар ҳамин ҳол, зикр кардаанд, ки Мӯсоев ҳеҷ гоҳ аз беморие шикоят надошт.

Назирмад Мӯсоев соли 1952 дар ноҳияи Маскав (феълан – Ҳамадонӣ)-и вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кигнематография (ВГИК) дар Маскавро хатм намуда, солҳои 80-уми қарни гузашта пас аз иҷрои нақш дар филми “Ӯ маро хуш дорад” байни мардум шинохтаву писандида гардид. Ғайр аз ин, ӯ дар даҳҳо филмҳои замони шӯравӣ ва солҳои соҳибистиқлолии кишвар нақшаҳои мондагоре бозидааст. Ҳамчунин яке аз актёрони маъруфи театри тоҷик дониста мешуд.

Толори асосии нақшофарии ӯ Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов маҳсуб меёфт, ки Назирмад Мӯсоев тӯли тамоми умр дар он фаъолият дошт. Дар замони бознишастагӣ низ дар толори ин театр нақш иҷро мекард.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Спектакли "Тарма", ки ӯ ду соли ахир дар он нақш мебозид

Маросими видоъ бо Назирмад Мӯсоев рӯзи якшанбе, 16 май дар пойтахт баргузор шуд.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” даргузашти ин ҳунарманди варзидаро талафоти бузург барои фарҳанги тоҷик медонад ва ба хонаводаи эшон, наздикону пайвандонаш дар ин мусибати азим сабру шикебойӣ мехоҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...