“Барои халқам мурам, мурдиям-де”: қиссаи обмони 31-солаи Овчи-Қалъача, ки дар марз кушта шуд

Асари барҷойгузоштаи даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон шояд барои ҳамеша ҷуброннопазир бошад. Занону кӯдакони ҷамоати Овчи-Қалъача, ки рӯзи 29-уми апрел замони даргириҳои хунини неруҳои қирғиз ба ҷойи амн кӯч баста буданд ба хонаҳояшон баргаштаанд. Аммо бархе хонаҳо барои ҳамеша доғдор боқӣ мондаанд. Аз ҷумла хонаводаи Умедҷон Юсупови 31-сола, ки аз се тири марзбонони Қирғизистон дар […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Асари барҷойгузоштаи даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон шояд барои ҳамеша ҷуброннопазир бошад. Занону кӯдакони ҷамоати Овчи-Қалъача, ки рӯзи 29-уми апрел замони даргириҳои хунини неруҳои қирғиз ба ҷойи амн кӯч баста буданд ба хонаҳояшон баргаштаанд. Аммо бархе хонаҳо барои ҳамеша доғдор боқӣ мондаанд.

Аз ҷумла хонаводаи Умедҷон Юсупови 31-сола, ки аз се тири марзбонони Қирғизистон дар нахустин лаҳзаҳои даргирӣ кушта шуд ва акунун бо гузашти ин ҳама рӯз хонаводааш дар сӯги ӯ нишастаанд.

Рӯзи 6-уми май, вақте мо аз хонаводаи Умедҷон Юсупов дидан мекардем, авзои ин хонавода щама мотамӣ буд.

Ӯлмас Юсупов, падари ин ҷавон дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт писараш замони авҷи даргирӣ бо қирғизҳо дар роҳи ҳифзи марз аз қафаси сина ва шикамаш чанд тир хӯрд ва дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт. Умедҷон обмон ва деҳқон дар яке аз хоҷагиҳои деҳқонӣ буд ва рӯзи даргириҳои хунин падар, модар, зану кӯдаконашро ба ҷойи амн интиқол дод ва худ дар ин даргириҳо қурбон шуд.

Ин ҷавон дар миёни чаҳор фарзанди хонавода аз ҳама бузургтар буд ва чанд соат пештар аз  даргириҳои хунин, бино ба гуфти падараш, аз саҳро ба хотири нигоҳубини ду додараш ба деҳа баргашта буд. 

“Мо дар саҳро будем, баъди ним соат телефон шуд, ки писаратон Умедҷонро бой додем. Боз як нафар телефон кард, ки ҳозир писаратонро мошини ёрии таъҷилӣ гирифта беморхона рафт. Мо намедонистем, ки ба кадом беморхона. Писарам аз ду ҷояш, аз қафаси сина ва поёнтари шикамаш тир хӯрдааст, касе намегӯяд, ки чӣ хел ҳалок шуд”.

Бишарифа Ҳусейнова, модари Умедҷон мегӯяд, писараш дар хидматри ҳарбиро адо карда буд ва дар даргириҳои солҳои 2014-ву 2019 низ бо мошини худаш захмиҳоро ба беморхона кашонда буд. Аммо даргирии хунини охири моҳи апрел  чаҳор фарзанди ӯро аз падар ҷудо кард. 

“Ҳар саҳар хабар мегирифт, ҳамон саҳар барвақт омада гуфт, модар биё як соат дар оғӯшатон хоб равам. Ҳар рӯз ба халқ об мерасонам, омада наметавонам гуфт. Фишорам баланд буд дору овард. Ҳамон рӯз чаҳор бор хабар гирифт”.

Хонаводаи ин ҷавони кушта шуда мегӯянд, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва раиси Суғд ба фотиҳахонӣ омада равған орд ва 50 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ доданд. Дӯстону наздикони Умедҷон низ кӯмаки молӣ мерасонанд, вале аз даст додани Умедҷон ҷуброннопазир аст.

Бегоҳии рӯзи 29-уми апрел, баъди даргириҳои хунин дар чанд деҳаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, нерӯҳои қирғиз ба ҷамоатҳои Овчи-Қалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам ҳамла карданд. Сокинон мегӯянд, соати тахмин 17:00-и он рӯз аз деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон замоне, ки онҳо бехабар буданд якбора ба чанд маҳалли ҳаммарзи Овчи-Қалъача тир холӣ карданд.

Бино ба гуфти сокинон дар рӯзи даргирӣ аз ҷамоати Овчи-Қалъача 12 нафар маҷрӯҳу 1 тан аз сокини осоишта аз тири нерӯҳои қирғиз ба ҳалокат расиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.