Мусовӣ, сифр бар сифр: бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ироқ

Мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстонаашро бо мунтахаби Ироқ, мусовӣ, сифр бар сифр ба поён расонид. Ин бози шаби душанбеи 24-уми май дар варзишгоҳи «Ал-Файҳ»-и шаҳри Басра баргузор шуд. Дар ин бораи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.  Бозӣ бо бартарии мизбонон сурат гирифт, вале онҳо аз чандин лаҳзаҳои хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд. Футболбозони тоҷик бошанд, аслан аз пайи ҳимояи дарвозаашон буданд, бинобар ин […]

Asia-Plus

Мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстонаашро бо мунтахаби Ироқ, мусовӣ, сифр бар сифр ба поён расонид. Ин бози шаби душанбеи 24-уми май дар варзишгоҳи «Ал-Файҳ»-и шаҳри Басра баргузор шуд. Дар ин бораи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Бозӣ бо бартарии мизбонон сурат гирифт, вале онҳо аз чандин лаҳзаҳои хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд. Футболбозони тоҷик бошанд, аслан аз пайи ҳимояи дарвозаашон буданд, бинобар ин бештар мизбонон ба нимаи майдони меҳмонон гузашта, дар ҷаримагоҳ ҳолатҳои хатарнокро ба вуҷуд меоварданд.

Ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон чаҳор легионер – ҳимоятгар Давронҷон Эргашев (“Бунёдкор”, Узбекистон), нимҳимоятгарон – Эҳсони Панҷшанбе (“Навбаҳор”, Узбекистон), Комрон Турсунов (“ТРАУ”, Ҳиндустон) ва ҳамлагар Шериддин Бобоев (“Пенанг”, Малайзия) – дохил буданд.

Ҳамакнун мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, аз Ироқ ба Имороти Муттаҳидаи Араб меравад ва рӯзи шанбе, 29-уми май, дар шаҳри Шарҷа бо тими миллии Тайланд бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Баъдан тими миллии Тоҷикистон ба Осакаи Ҷопон сафар мекунад ва дар он ҷо ду бозии боқимондаашро дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили дастаҳои мунтахаби Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) баргузор мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.