Боздошти ду зан дар Қирғизистон барои даъват алайҳи тоҷикон дар ин кишвар

Дар вилояти Чуйи Қирғизистон ду занро бо гумони таблиғи зидди тоҷикон дастгир кардаанд. Мақомоти Қирғизистон 24-уми май гуфтанд, ки ин занҳо тавассути Whatsapp сокинони деҳаи Чалдовари ноҳияи Панфиловро "барои халос шудан аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" даъват мекарданд. Бино ба иттилои бахши қирғизии "Озодӣ" дар оғоз ин занҳо ба “майдаавбошӣ” муттаҳам буданд, вале тафтишот онҳоро ба барангехтани […]

Asia-Plus

Дар вилояти Чуйи Қирғизистон ду занро бо гумони таблиғи зидди тоҷикон дастгир кардаанд. Мақомоти Қирғизистон 24-уми май гуфтанд, ки ин занҳо тавассути Whatsapp сокинони деҳаи Чалдовари ноҳияи Панфиловро "барои халос шудан аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" даъват мекарданд.

Бино ба иттилои бахши қирғизии "Озодӣ" дар оғоз ин занҳо ба “майдаавбошӣ” муттаҳам буданд, вале тафтишот онҳоро ба барангехтани кинаву адовати байни миллатҳо муттаҳам кардааст.

Пулиси Қирғизистон гуфтааст, яке аз занон 23-сола ва дигаре 20-сола буда, рӯзи 22-юми май дастир шуданд ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ ҳастанд.

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рӯй дод. Мақомоти Тоҷиктсон гуфтанд, ки дар ин ҳодиса 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи 36 кушта ва 154 маҷрӯҳ хабар дод.

Дирӯз, сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов дар саҳифаи расмияш дар Фейсбук навишт, ки Қирғизистон то ҳалли шудани мушкилот бо Тоҷикистон равуои марзӣ бо ин кишварро комилан қатъ мекунад. Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин маврид вокунише накардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.