Путин ба Ҷабборов: “мо аз вазъи марз бо Тоҷикистон сахт нигаронем ва ин мавзуъро бо Раҳмон ҳам гуфтам”

Владир Путин дар дидор бо Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, ки аз вазъи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон сахт нигарон аст. Ин мулоқоти президенти Русия бо Ҷабборов дирӯз дар Сочи баргузор шуд. Кремлин хабар медиҳад, ки Путин ба Ҷабборов гуфтааст, ки мо вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро бо нигаронии хос дунбол кардем. "Тавре шумо медонед, чанде пештар […]

Азия-Плюс

Владир Путин дар дидор бо Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, ки аз вазъи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон сахт нигарон аст. Ин мулоқоти президенти Русия бо Ҷабборов дирӯз дар Сочи баргузор шуд.

Кремлин хабар медиҳад, ки Путин ба Ҷабборов гуфтааст, ки мо вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро бо нигаронии хос дунбол кардем. "Тавре шумо медонед, чанде пештар раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҷо сафар дошт. Мо бо ӯ ҳам ин мавзуъро баррасӣ кардем. Мо нияти ду ҷонибро барои ҳалли ҳамаи масъалаҳои баҳсталаби инчунинӣ дар ҷараёни гуфтушунид мусбат дарк кардем. Боварӣ дорам, ки ин гуна ҳадафро танҳо бо ин роҳ метавон ба даст овард",-гуфтааст Путин.

Путин гуфтааст, ки аҳ мо ҳар чизе, ки барои ҳалли ин мавзуъ муҳим бошад, мекунем. 

Торнамои президенти Қирғизистон хабар медиҳад, ки Содир Ҷабборов ба Путин барои таваҷҷуҳ ва нигарониҳои марбут ба вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори миннатдорӣ кардааст.

Путин ҳамчунин гуфтааст, ки барои ҳалли ин мушкил "бояд роҳи ҳалле пайдо шавад, ки барои дарозмуддат бошад ва посухгӯи манофеи ҳар ду кишвар низ бошад. Мо ҳам дар навбаи худ барои ин ёрӣ мекунем".

Даргирии ахири марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол ки 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ аз Тоҷикистон ва  ва 36 куштаву 154 маҷрӯҳ дар Қирғизистон барҷой гузошт, вокунишҳои байналмилалие ҳам дар пай дошт.

Дирӯз, сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов дар саҳифаи расмияш дар Фейсбук навишт, ки Қирғизистон то ҳалли шудани мушкилот бо Тоҷикистон равуои марзӣ бо ин кишварро комилан қатъ мекунад. Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин маврид вокунише накардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.