Барои 128 осебдидаи офатҳои табиӣ хонаи 280-ҳазорсомониӣ месозанд

Бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки нимаи аввали моҳи май рух доданд, зиндагии муқаррарии зиёда аз 14,5 ҳазор нафар халалдор шуда, имрӯз онҳо ба кумаки равонӣ ниёз доранд. Дар натиҷаи офат 128 хона пурра тахриб (вайрон) шуда, ба 400 манзил осеби назаррас расонида шуд. Дар ин бора дар таҳқиқоти муштараки ҳукумати Тоҷикистон ва муассисаҳои […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки нимаи аввали моҳи май рух доданд, зиндагии муқаррарии зиёда аз 14,5 ҳазор нафар халалдор шуда, имрӯз онҳо ба кумаки равонӣ ниёз доранд.

Дар натиҷаи офат 128 хона пурра тахриб (вайрон) шуда, ба 400 манзил осеби назаррас расонида шуд. Дар ин бора дар таҳқиқоти муштараки ҳукумати Тоҷикистон ва муассисаҳои марбутаи СММ маълумот дода мешавад.

Зикр мешавад, ки ин ҳоло натиҷаи ниҳоӣ набуда, арзёбии зарар аз ҷониби ҳукумат идома дорад.

Бар асари боронҳои шиддатнок, обхезиву фаромадани селу ярч, ки аз 7 то 12 май рух доданд, асосан сокинони шаҳру навоҳии виллояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ осеб диданд.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки ҳукумат лоиҳаи намунавии хонаҳоеро, ки барои эҳтиёҷмандон ба манзил сохта мешавад, мувоофиқа кардааст.

Нархи тахминии лоиҳаи як хона ҳудуди 280 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 24 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ба ҷуз масолеҳои сохтмон, ки ҳукумат ҷудо мекунад (дар ин бора ба “Азия-Плюс” сокинони минтақаҳо хабар доданд), ташкилотҳои гуногуни давлатӣ ва ғайридавлатӣ изҳор кардаанд, ки дар сохтмони манзилҳо сокинони осебдидаро дастгирӣ намуда, онҳоро бо техникаву бинокорон таъмин мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.