Самбо варзиши олимпӣ мешавад

Date:

Кумитаи байналмилалии олимпӣ, дирӯз, 10-уми июн  қароре содир кард, ки тавсия медиҳад Федератсияи ҷаҳонии самбо аз сӯйи он барои ҳамеша эътироф шавад.  Ин дар ҳолест, ки Федератсияи ҷаҳонии самбо дар моҳи декабри соли 2018 аз сӯйи КБО муваққатан эътироф шуда буд.

Хабаргузории русии ТАСС бо истинод ба Федератсияи ҷаҳонии самбо хабар медиҳад, ки дар баробари самбо интизор меравад, ки чор варзиши дигар ҳам эътироф шаванд.

Дар қарори Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфта мешавад, ки ин мавзуъ дар анҷумани қарибулвуқуи ин ниҳод, ки рӯзҳои 20-21-уми июн дар Токио баргузор мешавад, баррасӣ мегардад. 

"Мо мехоҳем шуморо ба ин дастовард самимона табрик бигӯем, ки нишондиҳандаи эътирофи корҳои шумо аз нуқтаи назари рушди ниҳодӣ ва ҳамчунин пешрафт ва ҳамагони шудани навъи варзиши шумост",- омадааст дар мактуби расмие, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба Федератсияи ҷаҳонии самбо фиристодааст. 

Ҳоло маълум нест, ки агар дар Токио рӯзҳои 20-21-уми июн агар самборо бипазиранд, варзишгарони ин намуди варзиш дар Бозиҳои имсола ширкат мекунанд ё не. Вале пештар гуфта мешуд, ки агар эътироф шавад, ба сурати рамзи аз чанд вазн се-чортои паҳлавони риштаи самбо ширкат мекунанд. Аммо ТААС хабар медиҳад, ки тасмими ниҳоӣ 21-уми июл гирифта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...