Шикояти пешвои ҳазораҳо ба Шӯрои амнияти СММ: наслкушии қавми моро эътироф кунед

Муҳаммади Муҳаққиқ, мушовири аршади раисҷумҳури Афғонистон дар умури амниятиву сиёсӣ ва раҳбари ҳизби Ваҳдати исломии мардуми Афғонистон, ки яке аз пешвоҳои қавми ҳазора дар ин кишвар мебошад, аз Шӯрои амнияти Созмони миллали Муттаҳид хостааст, ки куштори ҳазораҳоро дар Афғонистон ба расмият бишносанд ва омилони онро таҳрим кунад. Муҳаққиқ дирӯз, 10-уми июн дар саҳфаи фейсбукияш навиштааст, […]

Asia-Plus

Муҳаммади Муҳаққиқ, мушовири аршади раисҷумҳури Афғонистон дар умури амниятиву сиёсӣ ва раҳбари ҳизби Ваҳдати исломии мардуми Афғонистон, ки яке аз пешвоҳои қавми ҳазора дар ин кишвар мебошад, аз Шӯрои амнияти Созмони миллали Муттаҳид хостааст, ки куштори ҳазораҳоро дар Афғонистон ба расмият бишносанд ва омилони онро таҳрим кунад.

Муҳаққиқ дирӯз, 10-уми июн дар саҳфаи фейсбукияш навиштааст, ки ҳазораҳо дар масоҷид, омӯзишгоҳҳо, зоишгоҳҳо ва клубҳои варзишӣ ба гунаи бераҳмона «қатли омм» мешаванд. Ў афзуд, ки қатли омми мардуми безарар ва бедфоъ ҳеҷ тавҷеҳе надорад ва аз мисдоқҳои боризи ҷиноят алайҳи башарият ва наслкшӣ аст.

Ӯ ҳамчунон ба куштори ахири коргарони муассисаи поккории минаҳо дар вилояти Бағлони ин кишвар ишора кардааст, ки ба гуфтаи вай, як қавм хосро ҳадаф қарор доданд, ки “ин нишони дигаре аз ин ҷиноёти зиддибашарӣ аст, ки бояд Шӯрои амнияти СММ тадбирҳои пешгиронаеро барои ин кор рӯйи даст бигирад".

Муҳаққиқ аз Шӯрои амнияти СММ хостааст, ки бо ба расмият шинохтани куштори мардуми ҳазора ба унвони наслкушӣ омилони онро мавриди таҳрим қарор бидиҳад.

Аз сӯйи дигар, ин пешвои ҳазораҳо аз ҳукумат ҳам хостааст, ки  дар муқобили ин гуна ҳодисаҳо иқдомҳои амалӣ ва таъсиргузорреро рӯйи даст бигирад ва фақат ҳамдардӣ накунаду халос.

Ӯ ҳамчунин аз ҳукумат тақозо кардааст, ки натиҷаи баррасиҳояшро аз ҳамалаи мусаллаҳона бар оромгоҳи Абдулалии Мазорӣ пешвои дигари ҳазораҳо, ҳамагонӣ кунад. Абдулалии Мазорӣ, асосгузори Ҳизби ваҳдати исломӣ дар Афғонистон буд, ки аз сӯйи “Толибон” кушта шуд. Чанд сол пеш дар маросими солгарди шаҳодати ин пешвои ҳазораҳои Афғонистон, тирпаронӣ сурат гирифт, ки 40 тан куштаву 60 кас захмӣ шуд.

Ин хости Муҳаққиқ аз Шӯрои амнияти СММ дар ҳоле сурат мегирад, ки  чанд рӯз пеш дар Афғонистон корзореро бо номи  «stophazaragenocide#» ё наслкши ҳазораҳоро мутаваққиф кунед, роҳ андохтаанд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки наслкшии ҳазораҳоро ба расмият бишносанд. 
 
Ҳазораҳо дар ғарби Кобул дар чанд соли ахир мавриди ҳамлаҳои ҳадафманд қарор мегиранд. Дар ду ҳамлаи ахир дар Дашти Барчӣ, дар ғарби Кобул, ки яке ҳам ҳамла ба як мактаби духтарона буд, наздик ба 200 нафар куштаву захмӣ шуд.

Ҳазораҳо як қавми форсизабон дар Афғонистон ва бархе кишварҳои минтақа мебошанд, ки аз нигоҳи динӣ мардуми мусалмони аҳли шиа мебошанд. Ҳазораҳо пас аз тоҷикҳову паштунҳо аз нигоҳи нуфус севумин қавми Афғонистон дониста мешаванд. Ин қавм ба ҷуз Афғонистон дар Кветаи Покистон ва Эрон ҳам ҷамъиятҳои бузурге доранд. Бархе муҳаққиқон ҳазораҳоро вомондаи даврони муғул ва аз табори муғулҳо дар Афғонистон ва кишварҳои дигари ҷануб ва ҷанубу шарқи Осиё медонанд. Аммо худи ҳазораҳо худро яке аз қавмҳои бумӣ дар Афғонистон ва минтақа меноманд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.