Путин ҳузури муваққатии муҳоҷиронро дар Русия то 30-юми сентябр тамдид кард

Date:

Президенти Русия Владимир Путин дар бораи танзими ҳуқуқи муҳоҷирон дар давраи пандемияи COVID-19 фармон ба имзо расонид.

“Президенти Русия Владимир Путин “Дар бораи тадбирҳои муваққатӣ оид ба танзими мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Русия дар давраи бартараф намудани оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)» фармон имзо кард”, – зикр мегардад дар маълумоти рӯзи сешанбе, 15 июн нашршуда дар торнамои Кремл.

Гуфта мешавад, қарори мазкур бо мақсади “таъмини некӯаҳволии беҳдоштиву эпидемиологии аҳолӣ ва танзими мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ” қабул шудааст, ки таҳти ин меъёр қарор мегиранд.

Ба ин тариқ, мувофиқи фармони мазкур, муҳлати ҳузури муҳоҷирон дар Русия бе таҳрим то 30 сентябри соли 2021 дароз мешавад. Тибқи матни санад, агар хориҷиён ба қонуншиканӣ даст зада набошанд, онҳо то 30 сентябр ихроҷ карда намешаванд.

Аммо хориҷиёне, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ озод мешаванд, истисно мебошанд. Ҳамчунин хориҷиёне, ки қонунгузориро дар бораи сарҳади Русия риоя накардаанд ё ба амнияти миллӣ хатар эҷод мекунанд, ба ин категория дохил мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз, 15 июн давраи пешниҳоди сабукиҳо ба хориҷиён, ки бар асари пандемияи COVID-19 ҷорӣ шуда буд, ба охир расид. То имрӯз хориҷиён бояд ҳузури худро қонунӣ мекарданд ё қаламрави Русияро тарк мекарданд. Дар акси ҳол ба онҳо ҷарима ё ихроҷ бо манъи вуруд таҳдид мекард.

Реҷаи имтиёзнок барои хориҷиён бо фармони Владимир Путин ҷорӣ шуда, дар давраи авҷи пандемия имзо шуд ва муҳлати амалаш чандин маротиба дароз карда шуд.  Он ба шаҳрвандони дигар кишварҳо имкон медод, ки бо асосҳои қонунӣ дар кишвар боқӣ монда кор кунанд. Ба шаҳрвандоне, ки ба қонуншиканӣ даст зада буданд, тибқи ин фармон имкон дода шуда буд, ки бидуни ягон таҳрим мақоми ҳуқуқии худро танзим кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...