Мавзуъҳои хуруҷу сабти номи дигарбораи коронавирус, мушкили дарёфти билет ба Русия, ҳамлаи "Толибон" ба Шерхон Бандар аз мавзуъҳои калидии ин ҳафтаи нашрияҳои чопи Душанбеанд.
“В Таджикисатне вторая волна коронавируса” таҳти чунин ном маводи асосии нашрияи “Asia+” (№24 (1509) 24.06.2021) нашр шудааст, ки дар мавриди мавҷи дуввуми коронавирус дар кишвар сухан мекунад. Ҳамчунин, дар мавод гуфта шудааст, ки ба кадом нишонаҳои беморӣ метавон аҳамият дод, дар куҷо мешавад ташхиси онро супурд ва киҳо бояд аз вакисаназанӣ фаро гирифта шаванд.
Дар қисмати дигари мақола дар мавриди навъи нави ин беморӣ-“делта-штамм” маълумот дода мешавад
Дар маводи дагари нашрия , ки ба болоравии нархи бензин ва газ дар кишвар бахшида шудааст, гуфта мешавад, ки ҳарчанд маводи сухт ҳоло ҳам ба Тоҷикистон бо нархи пешина ворид мешавад, вале нархи фурӯши он ҳамеша дар ҳоли болоравӣ аст.
“Как правильно договариваться с новым президентом Ирана» маводи сиёсатшиноси тоҷик Рашид Ғанӣ Абдулло аст, ки дар мавриди равобити ояндаи Тоҷикистон бо президенти нави Эрон баҳс мекунад.
Баҳси дар марзи Тоҷикистону Афғонистон қарор доштани “Толибон” ва фирори чанд сарбози неруҳои расмии Афғонистон ба Тоҷикистон баҳси мақолаи дигари нашрия аст.
Дар “Азия плюс” ҳамчунин, метавон матлабҳои «Сигареты подорожают, контрабанда вырастет», “Куда идут деньги мигрантов? Заглянем внутрь айсберга”, “Сэлам! Хэллэр ничек? Как сегодня живут татары в Согдийской области”, “Тигровую балку” нужно спасать”, “В глубоком нокауте...”, "Собираемся в поход. “Чёртово ущелье” манит" ва ғайраро мутолиа кард.
Талаби истеъфои мудирони Оҷонсии ҳавонавардӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (№25 (1432) 23.06.2021) дар шумораи рӯзи панҷшанбегии худ дар мавриди нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба ишора ба масъулини соҳа навиштааст, ки ё нархи чипатҳоро танзим кунанд ва ё истеъфо диҳанд. Аз ҷумла, нашрия ба унвонии директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳон Икромзода ва сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзода менависад, ки “Масъулини сохторҳои зикршуда дар пасманзари ин ҳама мушкилот, ба хулосае омадан мумкин аст, ки зуратон барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта намерасад”.
Дар саҳифаи 5 рӯзнома бо номи “Оббозӣ барои бойбаччаҳо…” маводе нашр шудааст, ки дар он аз набудани ҳавзҳои шиноварии ройгон дар Душанбе, изҳори нигаронӣ мешавад. Махсусан, барои муқоиса аз шаҳри Хуҷанд мисол оварда мешавад, ки дар соҳили чапи дарёи Сир маҳалли ройгони оббозӣ мавҷуд аст, ки ҳудуди 300 метрро фаро мегирад ва дар як вақт дар ин макон 1000 нафар метавонанд оббозӣ ва истироҳат кунанд.
“Бемористон дар вагон…” маводи дигари ҳафтанома аст, ки дар мавриди вазъи ногувори бунгоҳҳои тиббӣ дар вилояти Хатлон сухан меравад.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” (№125 (24232) 23.06.2021,) нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон дар шумораи навбатии худ аз бетаваҷҷуҳии масъулон ба чарогоҳ мубаддал шудани “Кӯли ҷавонон”-и шаҳри Кӯлоб изҳори нигаронӣ кардааст. Муаллифи мавод, аз ҷумла, менависад, ки ин маҷамааи фарҳангӣ-фароғатӣ соли 2012 бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъмиру тармим шуда, бо заврақҳо таъмин шуд, вале ҳоло он ба харобазор ва чарогоҳи чорво табдил ёфта, на аз заврақҳо нишон асту на аз дигар корҳои ободонӣ.
Дар хулосаи мавод аз номи идораи сохтмонии шаҳри Кӯлоб гуфта мешавад, ки “барои идомаи таъмири кӯл то кунун маблағ пешбинӣ нашудааст”.
Узрхоҳӣ аз сабзӣ
“Ҳамлаи “Толибон ва паноҳҷӯии низомиёни Афғонистон” маводи асосии ҳафтаномаи “Фараж” (№26 (760) 23.06.2021) аст, ки дар мавриди ҳамлаи “Толибон” ба гузаргоҳи “Шерхон Бандар”-и Афғонистон ва фирори бархе аз хизматчиёни ҳарбии неруҳои давлатии Афғонистон ба Тоҷикистон, сухан меравад.
“Фелетон”-и “Сабзиҷон маро бубухаш” маводи дигари шумораи ҳафтаномаи “Фараж” аст, ки ба болоравии нархи сабзӣ дар кишвар бахшида шудааст. Аз ҷумла муаллиф менависад: “Сабзиҷон, ҳой Сабзӣ, маро бубахш, ки туро ночиз шумурдам, на сурхӣ ва на зардиатро ба эътибор нагирифтам. Акнун, гуфтаи бародарони эронӣ, шармандатам.”
Ҳафтаномаи “Минбари халқ” (№25 (1319) 23.06.2021), нашрияи расмии ҲХДТ аз саҳифаи 1 то 9 шумораи рӯзи панҷшанбегиаш аз сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гузориш нашр намудааст. Мусоҳибаи Эмомалӣ Рамҳон бо АМИТ “Ховар” дар мавриди 20 солагии таъсисёбии СҲШ маводи дигари ҳафтанома аст. Дар ду саҳифаи дигар, ҳафтанома натиҷаи боздиди масъулини ҲХДТ-ро аз ташкилотҳои ибтидоии худ нашр кардааст.
Ҳафтаномаи “Самак” (№26 (504) 23.06.2021) дар шумораи навбатии худ мақолае таҳти унвони “Чаро ёдгориҳои таърихиро ҳифз намекунем?” нашр намудааст, ки дар он дар мавриди ҳифз накардани ёдгориҳои таърихӣ сухан меравад. Муаллиф баъди рафтан ба ғори Саид Хоҷа Исҳоқи Валии Махшевадӣ, ки гуфта мешавад он ҳам яке аз ёдгориҳои таърихӣ аст, дар мавриди омӯхта нашудани он сухан мекунад.
“Самак” ин ҳафта низ дар бораи шахсиятҳои саршинос, аз ҷумла Салимшоҳ Ҳалимшоҳ, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Усмон Олим ва Урун Куҳзод мақола нашр намудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


