ВКД аз боздошти зане хабар медиҳад, ки аз гӯши кӯдакон гӯшворҳоро медуздидааст

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти зане хабар медиҳад, ки ба дуздии гӯшворҳо аз гӯши духтаракони хурдсол дар шаҳри Душанбе муттаҳам мешавад. Ин ниҳод ин занро дар силсилаи ин гуна дуздидани гӯшворҳо гумонбар медонад. Аз ин зан сокини 38-солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ном бурда мешавад, ки пештар ҳам суд шуда будааст ва ин ниҳод ӯро […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти зане хабар медиҳад, ки ба дуздии гӯшворҳо аз гӯши духтаракони хурдсол дар шаҳри Душанбе муттаҳам мешавад. Ин ниҳод ин занро дар силсилаи ин гуна дуздидани гӯшворҳо гумонбар медонад.

Аз ин зан сокини 38-солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ном бурда мешавад, ки пештар ҳам суд шуда будааст ва ин ниҳод ӯро дар силсилаи дуздии гӯшворҳо аз гӯши духтаракони хурдсол муттаҳам мекунад.

ВКД мегӯяд ин занро баъди шикояти як зани 58-солаи сокини Душанбе боздошт кардаанд. Ин сокини Душанбе ба ШАКД-2 ноҳияи Сино шикоят кардааст, ки касе аз гӯши наберааш гӯшворҳояшро дуздидааст, ки 1500 сомонӣ арзиш доштаанд.

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 38-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд",-мегӯяд дафтари матбуоти ВКД.

Ҳамчунин ба гуфтаи мақомоти корҳои дохилӣ ин зан моҳи августи соли 2020, тахминан соати 12:00, дар кӯчаи Б.Ғафуров бо тариқи ошкоро ва бо истифодаи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтари хурдсоли 4-солаи сокини ноҳияи Сино, 1-ҷуфт гӯшвори тиллоӣ, ки арзишаш 500 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф карда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ба ҷуз ин ин занро ВКД дар чанд мавриди дигари бо чунин шева дуздидани гӯшворҳо, аз ҷумла 1-уми июни имсол дар кӯчаи Ҳисори пойтахт аз гӯшҳои духтарчаи 7-сола дуздидани гӯшворҳо муттаҳам медонад.

ВКД мегӯяд, ки бар асоси ҳамаи ин ҳодисаҳо тафтишро ба роҳ мондааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.