Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Туркманистонро ба зодрӯзаш табрик кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни як тамоси телефонӣ президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро ба муносибати зодрӯзаш табрик кардааст.  Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки  Эмомалӣ Раҳмон "фаъолияти сермаҳсули давлатии муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро дар роҳи таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Туркманистони дӯст, ҳамчунин обрӯву эътибори баланди ӯро дар дохили ҷомеаи Туркманистон ва берун аз он қайд карданд". […]

Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни як тамоси телефонӣ президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро ба муносибати зодрӯзаш табрик кардааст. 

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки  Эмомалӣ Раҳмон "фаъолияти сермаҳсули давлатии муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро дар роҳи таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Туркманистони дӯст, ҳамчунин обрӯву эътибори баланди ӯро дар дохили ҷомеаи Туркманистон ва берун аз он қайд карданд".

Дар ин суҳбати телефонӣ ҳамчунин руасои ҷумҳури ду кишвар "атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор анҷом дода, алоқамандии хешро ҷиҳати ғанӣ гардонидани муҳтавои онҳо бо иқдомҳои нави амалӣ иброз карданд".

Вобаста ба ин Сарони давлатҳо аҳамияти мулоқоту музокироти сатҳи олии ҷонибҳоро дар ояндаи наздик таъкид намуданд. Президенти Туркманистон аз Сарвари давлати мо ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Туркманистон даъват ба амал оварданд. Қарор шуд, ки муҳлатҳои сафар бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешавад.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои алоҳидаи мубрами дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.