Дар бораи марз нест. Санадҳои нав бо Қирғизистон: изҳороти муштраки президентҳо ва созишномаву ёддоштҳои тафоҳуми дигар

Бар пайи сафари расмии Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҳеч кадом онҳо дар мавриди масоили марзӣ нест. Ин дар ҳолест, ки мулоқоти як ба яки раҳбарони ду кишвар имрӯз бештар аз 5 соат тӯл кашид ва гуфта мешуд, ки яке аз масъалаҳои […]

Мазҳаб Ҷумъа, Мӯсои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Бар пайи сафари расмии Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҳеч кадом онҳо дар мавриди масоили марзӣ нест. Ин дар ҳолест, ки мулоқоти як ба яки раҳбарони ду кишвар имрӯз бештар аз 5 соат тӯл кашид ва гуфта мешуд, ки яке аз масъалаҳои мавриди баҳс масоили марзӣ аст. 

Раҳбарони ду кишвар дар поёни мулоқотҳояшон ба хабарнигорон гуфтанд, ки бар сари масоили аломатгузории марз, тиҷорату савдо ва дигар тарафҳои равобити ду кишварро суҳбат ва баҳсу баррасӣ кардаанд.

Ҳарчанд аз суҳбатҳои Эмомалӣ Раҳмону ҳамтои қирғизияш маълум буд, ки масъалаи аломатгузории марз аз мавзуъҳои меҳварии гуфтугӯи онҳо будааст, вале онҳо дар бораи ҳеч гуна тавофуқе дар ин замина  ба хабарнигорон нагуфтанд. Онҳо гуфтанд, ки талош мекунанд масъалаи аломатгузории марз аз роҳи гуфтугӯ идома ёбад.

Аз ҷумла дар фарҷоми ин сафар Изҳороти муштараки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид, ки матни он то кунун расонаӣ нашудааст.

Ҳамчунин ду созишномаи ҳамкорӣ, яке дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ миёни ниҳодҳои зидахли ду кишвар ва дигаре дар созишномаи ҳамкорӣ миёни хабаргузории давлатии Тоҷикистон "Ховар" ва хабаргузории давлатии Қирғизистон "Кабар" низ ба имзо расид. 

Ҳамчунин Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои сиёсати ҷавонон ва ҳамкориҳо дар соҳаи хидмати давлатӣ ду Ёддошти тафоҳум имзо карданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.