Мирраҳмон Раҳмонӣ раиси порлумони Афғонистон бо як сафари пештар эъломнашуда ба Тоҷикистон омадааст

Мирраҳмон Раҳмонӣ раиси Маҷлиси намояндагон (Вулуси Ҷирга)-и Афғонистон бо як сафари аз қабл эъломнашуда ба Тоҷикистон омадааст. Дар ин бора як манбаъ аз расонаҳои Афғонистон, аз Кобул ба "Азия-Плюс" хабар дод.  Гуфта мешавад раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон субҳи барвақти 30-юми июн аз тариқи парвози Дубай вориди Душанбе шудааст. Ҳанӯз барномаи сафари раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон […]

Asia-Plus

Мирраҳмон Раҳмонӣ раиси Маҷлиси намояндагон (Вулуси Ҷирга)-и Афғонистон бо як сафари аз қабл эъломнашуда ба Тоҷикистон омадааст. Дар ин бора як манбаъ аз расонаҳои Афғонистон, аз Кобул ба "Азия-Плюс" хабар дод. 

Гуфта мешавад раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон субҳи барвақти 30-юми июн аз тариқи парвози Дубай вориди Душанбе шудааст.

Ҳанӯз барномаи сафари раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар Душанбе маълум нест. Интизор меравад, ки Мирраҳмон Раҳмонӣ дар Душанбе бо ҳамтои тоҷикаш Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар мақомҳои раҳбарии Тоҷикистон дидор кунад.

Ба гуфтаи манбаи мо, ҳамчунин Мирраҳмон Раҳмонӣ дархости мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро додааст, ки интизор меравад сурат бигирад. 

Сафари ин мақоми олирутбаи Афғонистон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки вазъияти амниятии ин кишвар дар чанд вақти ахир бад шудааст. Бештар аз 50 вулусволӣ ё ноҳияҳои ин кишвар ба  дасти гуруҳи террористии "Толибон" суқут кардаанд.

Аз ҷумла бештари вулусволиҳое, ки ба дасти "Толибон" суқут кардаанд дар вилоятҳои шимолии ин кишвар мебошанд, ки бархе аз вулусволиҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон низ ба дасти "Толибон" афтодаанд.

22-юми июн "Толибон" пас аз суқут додани вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундуз, гузаргоҳи тиҷоративу гумрукии Шерхон Бандар миёни Тоҷикистону Афғонистонро ғасб карданд, ки дар натиҷаи ҳамлаи онҳо 134 неруи давлатии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ овард. 

Баъдан рӯзи 27-уми июн, "Толибон" ба постгоҳи Чукчуки вулусволии Калдори вилояти Балх, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ҳамла карданд, ки ин бор ҳам 17 неруи давлатии ин кишвар ба Тоҷикистон фирор карданд.

Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар 10 рӯзи ахир дар ду изҳороти ҷудогона вазъи амниятӣ дар марз бо Афғонистонро мураккаб унвон кард.

Пас аз эъломи хуруҷи неруҳои хориҷӣ бо раҳбарии ИМА аз Афғонистон гуруҳи "Толибон" ҷангу хушунатҳоро афзоиш додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.