Вазифаи холӣ. Мунтахаби футболи Тоҷикистон алҳол сармураббӣ надорад

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки 1-уми июл дар маҷлисгоҳи Федератсия баргузор шуд, як қатор масъалаҳои муҳим таҳлилу баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия, ҳисоботи директори техникии Федератсия Салоҳиддин Ғафуров дар бораи натиҷаҳои баромади дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 шунида шуд. […]

Asia-Plus

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки 1-уми июл дар маҷлисгоҳи Федератсия баргузор шуд, як қатор масъалаҳои муҳим таҳлилу баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия, ҳисоботи директори техникии Федератсия Салоҳиддин Ғафуров дар бораи натиҷаҳои баромади дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 шунида шуд.

Дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ, мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев 10 бозӣ гузаронида, дар 4 бозӣ пирӯзӣ ба даст овард, як вохӯриро мусовӣ анҷом дод ва дар 3 бозӣ мағлуб шуд.

Ба ин тартиб, тими миллии Тоҷикистон 13 хол ба даст оварда, дар натиҷа, дар гурӯҳи “F” мақоми дуввумро ишғол намуд. Дар байни дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дуввумро гирифтанд, мунтахаби Тоҷикистон шашум буд.

Баромади тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи қаноатбахш арзёбӣ гашт.

Баъд аз он ки мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев пас аз ба итмом расидани шартнома аз вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон рафт, вазифаи роҳбари тими миллӣ холӣ аст.

Дар ин робита, дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ, масъалаи сармураббии нави тими миллии кишвар баррасӣ шуд. Ба дабири кулли ФФТ Давлатманд Исломов супориш шуд, ки рӯйхати номзадҳои эҳтимолӣ ба вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистонро, ки дастаро ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омода мекунад, барои тасдиқ дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроия пешниҳод намояд.

Дар ҷаласа, инчунин аъзои Кумитаи иҷроия Низомномаи Шӯро оид ба татбиқи нақшаи стратегии рушди футбол дар Тоҷикистон “Орзу-2026” ва натиҷаҳои аудити фаъолияти молиявии ФФТ-ро барои 2020 тасдиқ карданд.

Роҳбари Лигаи футзали Тоҷикистон Фурқат Аҳмадҷонов низ дар ҷаласаи имрӯзаи Кумитаи иҷроияи Федератсия суханронӣ намуда, нақшаҳои худро оид ба рушди минбаъдаи футзал дар кишвар нақл кард.

Дар қатори дигар масъалаҳо, Кумитаи иҷроияи ФФТ масъалаи таъсиси Маркази тибби варзишӣ дар Тоҷикистонро низ таҳлилу баррасӣ намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.