Воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба Тоҷикистон метавонад маҳдуд гардад

Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ зимни баррасии Қонуни ҶТ «Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии ҶТ дар мавриди савдои хориҷии мол» дар байни намояндагони мардумӣ баҳсу мунозираи тӯлонӣ сурат гирифт. Дар мавриди пешниҳод ва шарҳи қонуни мазкур намояндаи мардумӣ Мирзошариф Исломиддинов изҳор дошт, ки феълан ҳаҷми […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ зимни баррасии Қонуни ҶТ «Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии ҶТ дар мавриди савдои хориҷии мол» дар байни намояндагони мардумӣ баҳсу мунозираи тӯлонӣ сурат гирифт.




Дар мавриди пешниҳод ва шарҳи қонуни мазкур намояндаи мардумӣ Мирзошариф Исломиддинов изҳор дошт, ки феълан ҳаҷми воридоти мол ба кишвар нисбат ба содирот бамаротиб бештар аст ва истеҳсолкунандагони ватанӣ имкон надоранд бо истеҳсолкунандагони хориҷӣ рақобат намоянд. «Аз ин рӯ, бо мақсади ба ҳадди камтарин паст кардани таъсири бӯҳрони молӣ зарур аст, чунин қонун қабул карда шавад», – гуфт ӯ.

 




М.Исломиддинов гуфт, ҳукумати кишвар бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар шароити бӯҳрони молӣ, метавонад нисбат ба маҳсулоти воридотӣ, ки он дар дохили кишвар истеҳсол мешавад, тадбирҳои зарурии зиддидемпингӣ андешад. «Бо ин мақсад ҳукумат метавонад ба як қатор маҳсулоти воридотӣ аз хориҷ, аз ҷумла маҳсулоти саноати бофандагӣ ва қолинбофӣ андози муваққатии ҷуброн ё андози муваққатии махсус ҷорӣ созад», – изҳор дошт вай.



Зимни суханронӣ оид ба ин масъала намояндаи мардумӣ Сафаралӣ Раҷабов зикр намуд, ки бо ҷорӣ гардидани ин қонун аҳолӣ аз дастрасӣ ба маҳсулоти нисбатан арзон маҳрум гардида, маҷбур мешавад, ки маҳсулоти ватаниро бо нархи гарон харидорӣ кунад. «Гузашта аз ин, иқдоми мазкур ба болоравии нарх дар бозорҳои мамлакат боис хоҳад гардид», – гуфт ӯ.



Дар посух ба суханронии С.Раҷабов намояндаи мардумӣ М.Исломиддинов гуфт, дар баробари Вазорати саноат як қатор

 

корхонаҳо, аз ҷумла «Тоҷиказот» ва «Заря Востока» чандин маротиба бо чунин дархост ба ҳукумат муроҷиат кардаанд ва аз ин ба баъд танҳо пас аз мувофиқасозӣ бо истеҳсолкунандагони втанӣ ҳукумат муваққатан метавонад баъзе маҳдудиятҳоро ба маҳсулоти воридотӣ ҷорӣ созад.



Намояндаи мардумӣ Юсуфҷон Аҳмедов гуфт, Тоҷикистонро мебоист 15 сол қабл чунин қонунро қабул кунад. «Мо замоне велосипед ва аробачаҳо барои маъюбон истеҳсол мекардем, вале чун ширкатҳои ватаниро дастгирӣ накардем, истеҳсолот аз фаъолият бозмонд», – гуфт вай.



Намояндаи мардумӣ Шодӣ Шабдолов таъкид сохт, ки феълан дар Тоҷикистон ба қадре истеҳсоли тухму гӯшти мурғ ба роҳ монда шудааст, вале чунин маҳсулдот то ҳанӯз аз Бразилия, Эрон ва Ҳиндустон ба ҷумҳурӣ ворид мегардад. «Ба ин кор хотима бахшидан зарур аст, вагарна давлат муфлис хоҳад шуд», – гуфт ӯ.



Дар навбати худ намояндаи мардумӣ Муҳиддин Кабирӣ гуфт, дар баробари қабули қонуни мазкур, парлумони ҷумҳурӣ ва ҳукумати кишвар бояд ба он муваффақ шаванд, ки андоз барои истеҳсолкунандагони ватанӣ коҳиш ёбад ва соҳибкорон аз коррупсия муҳофизат карда шаванд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.