Сомон Маҳмадбеков баъди ду пирӯзӣ дар Токио шикаст хӯрд

Date:

Сомон Маҳмадбеков паҳлавони муъруфи риштаи ҷудои Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 субҳи имрӯз дар вазни -73 кг ҳунарнамоӣ кард, баъди ду пирӯзӣ дар даври сеюм шикаст хӯрд.

Сомон дар даври аввал бар намояндаии кишвари паноҳандаҳо Аҳмад Аликайро пирӯз шуд. Дар даври 1/16 финал Сомони ҷудокори кишвари Гамбия Файе Нжие мағлуб кард.

Аммо дар даври 1/8 финал Сомон аз ноибқаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 ҷудокори маъруфи озарӣ, Рустам Оруҷов шикаст хӯрд.

Аз ин пештар, рӯзи 25-уми июл дар Олимпиадаи Токио ду муштзани тоҷик дар даври муқаддамотӣ рақобат карданд. Нахуст Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило бо Леонел Сантоз Нунез аз Доминикана вориди сабқат шуд. Ин қувваозмоӣ бо пирӯзии Баҳодур бо ҳисоби 4:1 хотима ёфт. Муштзани тоҷик ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Сипас Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило бо Даксианг Чен аз Чин вориди рақобат шуд. Дар ин сабқат намояндаи Чин бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад. Шаббос аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...