Дар Ҷайҳун барои сохтмони лагери гурезаҳо 2,24 га замин ҷудо шуд

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода зимни нишасти матбуотии рӯзи 28 июл аз оғози сохтмони урдугоҳ (лагер) барои паноҳандагон аз Афғонистон хабар дод. “Барои бунёди урдугоҳ дар ҷамоати Панҷи ноҳияи Ҷайҳун 2,24 гектар замин ҷудо шуда, ба ихтиёри ВКД ҶТ дода шуд ва аз ҳисоби буҷети вилоят сохтмони панҷараи гирду атрофи он оғоз гардид. Сохтмони худи […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода зимни нишасти матбуотии рӯзи 28 июл аз оғози сохтмони урдугоҳ (лагер) барои паноҳандагон аз Афғонистон хабар дод.

“Барои бунёди урдугоҳ дар ҷамоати Панҷи ноҳияи Ҷайҳун 2,24 гектар замин ҷудо шуда, ба ихтиёри ВКД ҶТ дода шуд ва аз ҳисоби буҷети вилоят сохтмони панҷараи гирду атрофи он оғоз гардид. Сохтмони худи урдугоҳ, ба эҳтимоли зиёд, аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ва манбаъҳои дигар сурат мегирад. Ба ин масъала Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ машғул аст”, – гуфт Одиназода.

Раиси ноҳияи Ҷайҳун инчунин илова намуд, ки имрӯз вазъият дар сарҳад амну осоишта аст.

«Ҳар он чизе, ки дар он тарафи дарёи Панҷ рух медиҳад, кори дохилии ҳамсоягони мост. Дар минтақаи наздимарзии мовазъият орому осоишта буда, ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад ва мардум ба корҳои рӯзмарраи худ машғуланд», – изҳор дошт ӯ.

Раиси ноҳияи Панҷ Зарифхӯҷа Шоҳиён низ дар бораи вазъияти амну ором дар марз ва мавҷуд набудани мушкилот дар он ҷо изҳори назар кард.

“Ноҳияи Панҷ бо Афғонистон 56 км марз дорад. Дар моҳҳои охир вазъ дар кишвари ҳамсоя бадтар шуда, он ҷо задухӯрдҳои мусаллаҳона ҷараён доранд. Аммо то ҳол партоби ягон тиру гулӯла аз силоҳи оташфишон, инчунин гузаштани шаҳрвандони Афғонистон ба қаламрави мо ба мушоҳида нарасидаст”, – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Шоҳиён изҳор дошт, ки ҳайати шахсии захираҳои сафарбарии ҳарбӣ дар минтақа омодаанд.

“Мо 1000 сарбоз ва афсарони захираҳои эҳтиётиро сабти ном кардем. Онҳо омода буда, дар ҳолати зарурӣ барои дифоъ аз марзҳои давлатии мо сафарбар мешаванд”, – афзуд Зарифҳӯҷа Шоҳиён.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст