Коронавирус дар Тоҷикистон: 72 ҳолати нави сироятёбӣ ва 1 фавт

То шоми 10 август, тибқи маълумоти Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19), шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 72 нафар зиёд шудааст. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 15 ҳазору 792 нафар расид. Шабонарӯзи гузашта 1 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохта, акнун шумори умумии фавтидагон […]

То шоми 10 август, тибқи маълумоти Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19), шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 72 нафар зиёд шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 15 ҳазору 792 нафар расид.

Шабонарӯзи гузашта 1 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохта, акнун шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия 123 нафарро ташкил медиҳад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 15 ҳазору 352  нафар ё худ 97,2%-ро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 83 нафар шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумораи гирифторон ва фавтидагон дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо нафар гуфта мешавад, зеро шояд бар асари паҳншавии штамми ҳиндии “делта” теъдоди ҳолатҳои сироятёбӣ афзуда, ҷараёни паси сар кардани беморӣ мушкилтар шудааст.

Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пӯшидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.