Рӯзҳои якшанбе ва душанбеи оянда Тоҷикистон серчангу ғубор мешавад

Рӯзҳои 15 ва 16 август дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеъи марказ (НТМ) чангу ғубор боқӣ мемонад. Ин рӯзҳо дар ҷануби кишвар ва НТМ пурзӯр шудани суръати вазиши шамол то 17-22 м/с дар назар аст. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, аз имрӯз, 13 август то 16 август дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 15 ва 16 август дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеъи марказ (НТМ) чангу ғубор боқӣ мемонад. Ин рӯзҳо дар ҷануби кишвар ва НТМ пурзӯр шудани суръати вазиши шамол то 17-22 м/с дар назар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, аз имрӯз, 13 август то 16 август дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, НТМ ва ғарби ВМКБ сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест.

Ҳарорати рӯзона дар Душанбе рӯзҳои истироҳат дар ҳудуди 33-35 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳии НТМ борони кӯтоҳмуддат бо раъду барқ аз эҳтимол дур нест.

Аз рӯзи душанбе то охири ҳафтаи оянда тибқи маълумоти обуҳавошиносон, ҳарорат дар пойтахт ва НТМ дар сатҳи 34-36 дараҷа гарм қарор мегирад.

Дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ қариб ба ҳамин монанд обуҳаво бо фарқияти як дараҷа пасттар дар вилояти Суғд ва як дараҷа баландтар дар вилояти Хатлон пешгӯйӣ мешавад.

Ҳафтаи ояндаи дар ВМКБ ҳарорат нисбатан пасттар буда, 26-28 дараҷа гарм мешавад ва баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.