Қиёмҳои миллӣ дар Афғонистон пас аз даъвати Аҳмади Масъуд: аз Кобул то Ҳирот

Ҷабҳаи муқовимати миллии Панҷшер хабар медиҳад, ки дар нуқтаҳои гуногуни Афғонистон даъвати Аҳмади Масъуд раҳбари ин ҷабҳаи муқовиматро хуш истиқбол кардаанд ва қиёмҳои миллие алайҳи Толибон шакл гирифтааст. Дирӯз Аҳмади Масъуд баъди ҳамлаҳои густардаи Толибон бар Панҷшер ва тасарруф кардани бахше аз вилоят, дар як паёми савтӣ аз мардуми Афғонистон хост, ки алайҳи Толибон қиём […]

Asia-Plus

Ҷабҳаи муқовимати миллии Панҷшер хабар медиҳад, ки дар нуқтаҳои гуногуни Афғонистон даъвати Аҳмади Масъуд раҳбари ин ҷабҳаи муқовиматро хуш истиқбол кардаанд ва қиёмҳои миллие алайҳи Толибон шакл гирифтааст.

Дирӯз Аҳмади Масъуд баъди ҳамлаҳои густардаи Толибон бар Панҷшер ва тасарруф кардани бахше аз вилоят, дар як паёми савтӣ аз мардуми Афғонистон хост, ки алайҳи Толибон қиём кунанд, зеро дар ҳамлаи Толибон бар Панҷшер неруҳои вижаи Покистон ва паҳпод (ҳавопаймоҳои бесарнишин)-и ин кишвар низ Панҷшерро бомбаборон кардаанд.

Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер, навиштааст, ки баъди фарохонӣ (даъват)-и раҳбари Муқовимати миллӣ дар кишвар хезишҳои саросарӣ  садо баланд кардаанд ва инро фасли ҷадиде аз муборизаи мардуми Афғонистон донистааст.

"Аз ваҷаб-ваҷаб хоки сарзамини озодагон садои озодӣ, адолат ва ҳайҳоти миназзулиҳи баланд шудааст. Ин фасли ҷадиде аз таърихи муборизаҳои мардуми мост ва ин бор чунон лашкари ҷаҳлу таассуб шикаст бихурад,  ки ҳаргиз дигар сар боло карда натавонад. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ танҳо пирӯзиро қабул дораду бас!",-навиштааст Назарӣ.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо корбари аз Афғонистон ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон шаби 6 ба 7-уми сентябр наворҳо аз қиёмҳои мардумиро коридаанд ва ҳамрайъии худро бо даъвати Аҳмади Масъуд эълом кардаанд. 

Гуфта мешавад, ки дар ин хезишҳо бештар занон фаъол будаанд. Саҳфаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар саҳфаи Твиттараш аз занони эътирозгари  Кобул, Булх, Бомиён, Дойкундӣ ва Ҳирот ташаккур кардааст. 

Бархе аз видеоҳои қиёмҳои мардумиро метавонед дар саҳфаи фейсбукии Азия-Плюс ва гуруҳи фейсбукии мо тамошо кунед.

То кунун вокуниши расмии Толибон ба ин қиёмҳо маълум нест, аммо бархе аз тазоҳуроткунандагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки неруҳои Толибон онҳоро пароканда кардаанд ва лайҳашон аз зӯру хушунат низ кор гирифтаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.