Тавофуқи федератсияҳои футболи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ барои ҳамкорӣ

Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ муҳлати Ёддошти ҳусни тафоҳумро байни федератсияҳои миллӣ тамдид карданд. Зери Ёддошт дабири куллии ФФТ Давлатманд Исломов ва дабири кулии ФФАС Иброҳим Ал-Қосим имзо гузоштанд. Дар маросими имзои Ёддошт Иброҳим Ал-Қосим изҳор намуд, ки футболи Тоҷикистон тайи солҳои ахир дар ҳоли рушди хуб қарор дорад ва Федератсияи футболи ин кишвар […]

Asia-Plus

Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ муҳлати Ёддошти ҳусни тафоҳумро байни федератсияҳои миллӣ тамдид карданд. Зери Ёддошт дабири куллии ФФТ Давлатманд Исломов ва дабири кулии ФФАС Иброҳим Ал-Қосим имзо гузоштанд.

Дар маросими имзои Ёддошт Иброҳим Ал-Қосим изҳор намуд, ки футболи Тоҷикистон тайи солҳои ахир дар ҳоли рушди хуб қарор дорад ва Федератсияи футболи ин кишвар ба густариши ҳамкориҳо дар ин самт ҳавасманд аст, хабар медиҳад маркази матбуоти ФФТ.

Дар гуфтугӯи дабирони куллии Федератсияҳо роҳу воситаҳои тавсеъаи ҳамкорӣ баррасӣ шуда, инчунин дар бораи баргузории бозиҳои дӯстона байни мунтахабҳои синнусоли гуногуни кишварҳо тавофуқ ҳосил шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.